Дар пайи нашри хабари ду моҳи охир бе моҳона мондани омӯзгорону пизишкони ноҳияи Ёвон масъулин ба ин мушкил расидагӣ кардаанд ва инак, музди меҳнати думоҳаи ин қишри ҷомеа пардохт карда шудааст.

Аз Сараёсати молияи вилояти Хатлон ба хабарнигори «Фараж» иттилоъ доданд, ки баъди нашри хабарҳои «Ёвон: Омӯзгорони 38 мактаб ду моҳ боз маош нагирифтаанд» ва «Ёвон: 900 табиб дар орзуи моҳонаанд» дар  вебгоҳи МТЖТ, ин масъала баррасӣ шудааст. Ба иттилои расида аз ниҳоди мазкур, алакай омӯзгорони 38 мактаб ва беш аз 900 пизишк моҳонаи моҳи апрелро пурра ва  моҳи майро қисман (70%) дастрас кардаанд. Гуфта мешавад, ки рӯзҳои наздик музди кори моҳи май низ пурра пардохт хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here