Дар маркази ноҳияи Ёвон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалтии кишвар сохтмони 88 адад бинову иншооти гуногун  ба нақша гирифта шудаанд, ки то имрӯз 53 адади он  сохта ба истифода дода шудааст.

Раиси ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон Нигина Ашурзода, гуфт, ки ҳоло дар маркази ноҳия корҳои ободониву бунёдкори бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бо маром идома доранд.

Ба гуфти ӯ. то соли 2021 дар маркази ноҳия аз ҷониби соҳибкорон ва дигар манбаъҳо 88 иншооти таъйиноташон гуногун бунёд мешаванд. Аз ин шумора то имрӯз 53 ададаш сохта шудаст, ки ин 62,2 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Баъди ба истифода додан  онҳо даҳҳо  нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

— Айни замон дар 35 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дошта,  дар 5 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ оғоз шудаанд, — илова кард раиси ҷамоати шаҳрак.

Аз тарафи соҳибкорон шумораи зиёди муроҷиати хаттӣ барои гирифтани замин барои сохтмони иншоот ворид шудааст. Мутаассифона, бинобар сабаби нарасидани қитъаи замин барои сохтмони иншооти таъйиноташон гуногун  муроҷиатҳои онҳо бенатиҷа боқӣ мондааст.

— Дар “Барномаи  давлатии рушди маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” дар маркази шаҳраки ноҳияи Ёвон  бинои шӯъбаи маориф, бинои маркази таҳсилоти иловагӣ, бинои мактаби рушди истеъдодҳо, маблағи ҳар як бино 2 миллион сомонӣ, дар маҷмуъ 6 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2020-2021 пешбинӣ карда шудааст, лекин бинобар сабаби ҷудо нагаштани замин ва маблағи зарурӣ сохтмони ин иншоот то ҳол оғоз наградидааст, — гуфт Нигина Ашурзода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here