Дар се моҳаи авали соли равон дар ноҳияи Ёвон барои ба талаботи санитарию эпидимиологӣ ҷавобгӯ набудан 25 нуқтаи фуруш баста шуда, аз дӯкону мағозаҳо 3 тонаву 815 кг маҳсулоти пасифату қалбакӣ ва муҳлати истифодашон гузашта аз муомилот гирифта шуданд.

Дириектори маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии ноҳияи Ёвон Забирзода Ашуралӣ иттилоъ дод, ки дар ин давра аз тарафи мутахассисони марказ 180 санҷиш дар бозор, мағозаҳо ва дигар нуқтаҳои фуруш гузаронида шуд. — Барои риоя накардан ва вайрон кардани талаботи санитарӣ нисбати 103 нафар шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдорон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 24 ҳазору 690 сомонӣ ҷарима карда шуданд, — гуфт ӯ.

Ҳамчунин манбаъ зикр кард, ки барои ҷавобгӯ набудан ба қоида ва меъёрҳои санитарӣ фаъолияти 25 нуқтаи фуруши маҳсулоти хӯрокворӣ, ва коммуналӣ муваққатан то ислоҳи камбудиҳояшон боздошта шуданд.

Қайд шуд, ки мутахассисони маркази мазкур дар рафти санҷишҳо аз нуқтаҳои савдо 14 номгӯи маҳсулот ба миқдори 3 тонаву 815 кг ба маблағи 27 ҳазору 230 сомонӣ  аз муомилот гирифта шуданд.

Инчунин, 284 адад бозичаи бе сертификат ва 510 адад зарфҳои пластикие, ки маротибаи дуюм истифодаи он маън аст, аз нуқтаҳои савдою бозор аз муомилот гирифта шуданд, ки маблағи онҳо беш аз 3 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.

Директори маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии ноҳияи Ёвон Забирзода Ашуралӣ гуфт, ки 8 нафар корманди муассисаҳо то барқарор кардани  саломатиашон аз кор озод карда шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here