Аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон  ва  соҳибкорони ноҳия 10 километр роҳҳои маркази ноҳия,к и солҳои тулонӣ таъмири асосиро надида буданд, бо харҷи 22 миллион сомонӣ пурра аз таъмири асосӣ бароварда мешаванд.

Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ёвон Раҷабалӣ Муродов гуфт, ки таъмири роҳҳои маркази ноҳия рӯзҳои наздик шурӯъ хоҳад шуд.

— Барои таъмири ин роҳҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 3 миллион сомонӣ ва аз ҷониби соҳибкорони ноҳия 19 миллион ҷудо хоҳад шуд, — илова кард ӯ.

Дар 5 моҳи соли равон барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 350 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 141 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки бо ин маблағ роҳҳо таъмири ҷориву асосӣ шудаанд.

Ба иттилои манбаъ дар мувозинаи муассиса 234 км роҳҳо вобаста шудаанд, ки аз он 154 километраш роҳҳои маҳаллӣ  ва 79 километри дигараш роҳҳои ҷумҳуриявӣ мебошанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here