Як ёвари ронанда, ки вазифааш ҷамъ кардани роҳкирост, дар мусофирбари хатсайри №42 дар шаҳри Душанбе барои дар ҳолати сархушӣ қарор доштан ва муносибату рафтори дағалона бо мусофирон барои шаш рӯз ба ҳабси маъмурӣ кашида шудааст.

Ин нафар дар асоси навори ирсолкардаи як сокини пойтахт ба суроғаи электронӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Манбаъ мегӯяд, дар навор муносибати дағалона ва кирдорҳои майдаавбошонаи пулчинак (кондуктор)-и хатсайри №42 нисбат ба мусофирон сабт гардидааст.

Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз “кондуктор” -и мусофирбар Танжихолов Улмасҷон Ҳамидович, соли таваллудаш 13.04.1988 зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Ваҳдат муаррифӣ карда, мегӯяд, номбурда шоми санаи 11-уми октябр, ҳангоми ба ҳайси пулчинак фаъолият карданаш, дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, ба таври дағалона бо чанд мусофир, ки аксари онҳоро занон ташкил мекарданд, дарафтода, нисбат ба онҳо суханҳои қабеҳ зада, шаъну шарафи шаҳрвандонро паст задааст”.

Сухангӯи РВКД Сироҷиддин Шукуров дар суҳбати телефонӣ ба “Фараж” гуфт, пас аз дарёфти муроҷиати мазкур бо мақсади муайян кардани ҳолатҳои зикргардида, фавран кормандони ботаҷрибаи милитсияи пойтахт сафарбар карда шуданд.

— Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ пулчинак (кондуктор)-и автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер, аломати қайди давлатиаш 9775ТТ01, ки дар хатсайри №42 фаъолият мекард, муайян ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд. Санҷиш собит кард, ки пулчинак дар ҳолати сархӯшӣ қарор дошт, — гуфт С. Шукуров.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба Танжихолов Улмасҷон Ҳамидович бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба муҳлати 6 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here