Дирӯз, 15-уми июн, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ёрии журналистони Қазоқистонро,  ки ба 20 нафар журналисти минтақаи Бохтари вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст, дастрас кард.

Чуноне аз МТЖ хабар доданд, иқдоми мазкур аз тарафи ҳамкасбони қазоқистонӣ гирифта шуд ва ба он ҳамкасбон аз Ӯзбекистон, Украина ва Русия пайвастанд.

Бастаи кумакҳо аз маводи хурокворӣ, аз қабили орд, биринҷ, шакару равған ва маводи антисептикӣ, дастпушак, сачоқҳои намноки якдафъаина иборат мебошанд.

Хабарнигорони бохтарӣ аз ҳамкасбони худ аз кишварҳое, ки дасти ёрӣ дароз карданд, миннатдор шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here