14-уми март гурӯҳи волонтёрони «Need Хелп» ба мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдаки ёрии хайриявӣ расониданд. Дар мактаб-нтернат беш аз 400 нафар таҳсил мекунанд, ки хонандагони ин муассиса аз ҳар гӯшаи ҷумҳурӣ мебошанд.

Чанде пеш аз ҷониби ин гурӯҳ аксияи хайриявии кӯмак ба кӯдакони ношунаво эълон гардида буд. Дар аксияи хайриявӣ ихтиёриён, аз ҷумла донишҷӯёну соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони саховатпеша саҳми худро гузоштанд. Як гурӯҳ волонтёрон ба хотири расонидани кӯмакҳои ҷамъомада, ки аз либосу бозичаҳо ва китобу хурданиҳо иборат буд, ба ин муассиса омаданд.

Тарбиятгирандагони мактаб — интернат пас аз хӯроки нисфирӯзӣ дар толори фарҳангии муассиса ҷамъ омада, барномаи театрикунонидашударо тамошо карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба бошандагони мактаб-интернат туҳфаҳои хотиравии гурӯҳи волонтёрони «need хелп» тақдим карда шуд.

Ҳамчунин аз ҷониби маъмурияти муассиса гурӯҳ бо сипоснома қадрдонӣ гардид.

Аз ҷониби ташкилоти “Пешрафт” 100 дона китоби бачагона ба китобхонаи мактаб – интернат супорида шуд.

Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ

ФАРАЖ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here