Аз тарафи Дафтари рушду ҳамкории Швейсария ва Бунёди кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ба Вазорати тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти муҳофизатӣ тақдим гардид.

Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ кӯмакҳои башардӯстона аз 500 ҳазор либоси якмасрафа, 15 ҳазор дастпӯшак, 6 ҳазору 500 респиратор, 1 ҳазору 500 ҷуфт мӯзаҳои обногузар иборат буданд. Дар назар аст, ки таҷҳизоти мазкур барои пешгирии вируси корона равона гардад.

Вазорати тандурустии кишвар мегӯяд, то 16-уми март, хушбахтона ягон ҳолати гирифтори ба вируси тоҷдор ба қайд гирифта нашудааст, вале новобаста ба ин корҳои пешгирикунанда дар масъалаи интиқоли коронавирус, аз тарафи вазорат пурзур мегардад.

То кунун дар ду кишвари Осиёи Марказӣ Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳолати гирифтори ба коронавирус, ба қайд гирифта шудааст. Дар робита ба ин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тавсия додааст, ки шаҳрвандони кишвар дар ҳоли ҳозир аз сафарҳои транзитӣ ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон худдорӣ кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here