Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» (ташкилоти ИМОН) ва шарикони ҳамкор ба татбиқи лоиҳаи “Озуқа баҳри тақвияти дороиҳои ҷомеа”-ро нахустин бор тавассути додани маблағ оғоз кардааст.

Ҳадафи лоиҳа аз ташаккули устуворӣ ва ҳамзамон беҳтар намудани амнияти озуқавории ҷомеаҳо, ки ба хатарҳои табии такроршаванда дучор мешаванд, иборат мебошад. Ба ҳайси иштирокчиёни лоиҳа 500 намояндаи гурӯҳҳои осебпазири ноҳияҳои Шаҳритус ва Ҷалолиддини Балхӣ интихоб шуданд.

Иштирокчиён ба иҷрои корҳои меҳнатталаб ҷалб шуда, бо маблағи пулӣ ҳавасманд мешаванд.  Онҳо дар таъмири канали обпарто ва роҳҳо, барқарорсозӣ, тоза кардан ва аз нав сохтани иншоотҳои таъмини об иштирок мекунанд. Дар натиҷаи ин лоиҳа, 340 ҳектар замини иловагӣ обёрӣ ва 3200 метр канали обёрӣ барқарор хоҳад шуд.

Ҳавасмандпулӣ ба ҳар як иштирокчӣ дар миқдори 440 сомонӣ ҳар моҳ дар асоси ба охир расидани 25 меъёрҳои кории онҳо пардохт карда мешавад. БОҶ барои ба иштирокчиёни лоиҳа кушодани суратҳисоби кортӣ дар ташкилоти ИМОН, ки барои интиқоли маблағҳо истифода хоҳад шуд, мусоидат мекунад.

«БОҶ нақшаи миллии амнияти ғизоро дастгирӣ мекунад ва саҳм мегузорад, то ки гурӯҳҳои осебпазир талаботҳои аввалиндараҷаи худро қонеъ гардонанд,” мегӯяд Роҳбари кишварии БОҶ дар Тоҷикистон, Паоло Маттей.

Дар оянда БОҶ дар ҳамкорӣ бо шарикон ва Ҳукумат мақсади ҷорӣ намудани ин лоиҳа дар 20 ноҳияи кишвар дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here