Субҳи 16-уми май президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таҳти шиори “Тоҷикистон ба пеш” ба беморону табибони вилояти Суғд кӯмак фиристод. Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд кӯмаки моддӣ аз 900 тонна маводи озуқа ва дорувориҳо иборат буда, маблағи умумии он 6,5 миллион сомонӣ мебошад. Кӯмакҳо тавассути 140 автомашина ба вилояти Суғд интиқол ёфтанд.

Тавре аз дафтари матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ ба вебгоҳи хабарии Faraj.tj гуфтанд, корвони кӯмакҳои Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба табибони ноҳияи мазкур ва сипас ба дигар ноҳияҳо интиқол дода шуд.

— Кӯмаки президенти кишварро раиси ноҳия Муқим Қаюм қабул карда, ба роҳбарони беморхонаҳои марказӣ ва минтақавӣ супориш дод, ки онро ба ҳамаи кормандони тиб ва беморони ҳудуди ноҳия расонанд, — гуфтанд аз дафтари матбуоти ноҳияи Айнӣ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here