Дирӯз аз ҷониби  роҳбарияти бозори  “Ҳоҷӣ Шариф”  ба 465 оилаи табибони вилояти Хатлон маводи хурокворӣ ва доруворӣ кӯмак карда шуд.

Аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии  дастгоҳи раиси вилояти Хатлон гуфтанд, ки

аз ҷониби хонаводаи Соҳибовҳо дастрас шудани маводи озуқа, аз ҷумла орду равғану биринҷ ва ғайра, ба 130 оила дар Кӯлоб, 185 табиби Бемористони вилоятии клиникии ба номи Бурӣ Воҳидов, 60 оила дар Данғара,  60 хонавода дар ноҳияи Кӯшониён, 30 оилаи табиб дар ноҳияи Вахш баҳравар шуданд.

Ҳамчунин, муҳайё намудани маводи муҳофизатӣ, доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ ба беморхонаҳои вилоят низ амри саривақтӣ ва муҳим мебошад.

Бояд гуфт,ки чанде пеш аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов 25 мошини боркаш пур аз доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ ба бемористонҳои 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон кӯмак карда шуда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here