Бонки “Имон Интернешнл” барои мубориза бо COVID-19 дар канор наистодаву дар доираи сиёсати иҷтимоии худ 180 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кардааст.

Маблағҳо барои таъмин намудани эҳтиёҷоти муассисаҳои тиббии саросари кишвар ба Вазорати тандурустӣ интиқол дода шуданд. Бонки «ИМОН Интернешнл» ба ҳамаи кормандони соҳаи тиб барои саъю кӯшиш, ҷасорат ва садоқат ба корашон изҳори миннатдории худро баён кардааст.

«ИМОН Интернешнл» ташкилоти қарзиест, ки рисолати он ҳам барои муштариён ва ҳам дар назди мардуми Тоҷикистон вазифаи иҷтимоӣ мебошад. Бонки мазкур бо мақсади дастгирии мизоҷоноаш, ки зиёда аз 110 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, тасмим гирифтааст, барои нафароне, ки муваққатан манбаи даромад надоранд, шароити соддакардашудаи пардохти қарзро пешниҳод намояд. Шартҳои нави қарз бо ҳар як муштарӣ дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд, зеро ҳар кадоми онҳо вазъияти худро доранд. Аз ҷумла, вақте тиҷорат муваққатан боздошта шудааст, муштарӣ фаъолияти соҳибкорӣ мекунад, аммо даромадҳояш кам шудааст, ташкилоте, ки муштарӣ кор мекунад, бидуни нигоҳдорӣ рухсатӣ медиҳад ва ғайра.

Бинобар ҳамин, дар шароити имрӯза, сарфи назар аз хавфҳои молиявие, ки ба миён меоянд, “Имон Интернешнл” фаъолияти худро чун пештара ба таври муътадил идома дода, хизматрасониҳои бонкиро ба шаҳрвандон пешкаш менамояд.

Роҳбарияти “Имон Интернешнл” умедвор аст, ки ин давраҳои душвор барои тамоми ҷаҳон ба зудӣ хотима меёбанд, коронавируси нав мағлуб мегардад ва иқтисодиёти ҳамаи кишварҳо барқарор мешавад, ки ин албатта ба некӯаҳволии молиявии ҳар шахс таъсир хоҳад кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here