13 марти соли 2018 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба шахсони дорои имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе ёрӣ расонд.

Кӯмаки мазкур бо дастгирии Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 нафар шахсони дорои имконияташон маҳдуди 4 ноҳияи шаҳри Душанбе расонида шуд.

Ин ёрӣ аз маводи озуқаворӣ аз ҷумла 2000 кг. орд, 200 кг. биринҷ, 200 кг. шакар, 200 литр равғани растанӣ ва 200 кг. макарон иборат мебошад.

Дастгирии шахсони дорои имконияташон маҳдуд ва шахсони ниёзманд яке аз ҳадафҳои асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҶХАТ ҳамеша мекӯшад барои дастгирии онҳо мусоидат намояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here