Дар соли  2018 дар Ёқутистон (Русия) ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба субеъктҳои иқтисодӣ, ки аз рӯйи патент фаъолияти кории худро пеш мебурданд, манъ карда шудааст. Дар ин бора рӯзи душанбе дар ҷаласаи раисони кумитаи давлатӣ оид ба шуғли аҳолӣ Степан Москвитин эълон кардааст.

«Акнун корхонаҳои калони истихроҷи канданиҳои фоиданок, ки дар қаламрави ҷумҳуриамон фаъолият мекунанд, ҳақ надоранд, ки шаҳрвандони ИДМ-ро аз кишварҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Украина, Молдова ва ғайра ба кор ҷалб кунанд. Тибқи ҳисобҳои мо, дар соҳаи истихроҷи маъдан зиёда аз 2 ҳазор ҷойи корӣ ҳаст, ки айни замон асосан аз шаҳрвандони Украина ва Ӯзбекистон машғуланд. Минбаъд ба ҷойи онҳо  аҳолии маҳаллӣ ба кор гирифта мешаванд», — гуфтааст Степан Москвитин.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here