Садҳо тан аз тоҷикон ва тоҷикистониёне, ки шаҳрвандии Русияро доранд, бо далели дунёгир шудани коронавирус ва баста шудани роҳҳо ба ин кишвар баргашта наметавонанд. Имрӯз, 12-уми август, даҳҳо шаҳрванди Русия бо нишони эътироз дар назди сафорати Русия дар Душанбе ба ҳам омаданд ва аз намояндагони сафорат талаб карданд, ки ба мушкилашон расидагӣ кунанд.

Онҳо мегӯянд, бо вуҷуди рафту омади чандрӯзаашон ба назди бинои сафорат, масъулин то ба ҳол дар масъалаи баргардонидани шаҳрвандонаш ба ватан чорае намеандешанд.

Зуҳро Раҳмонова, ки шаҳрванди Русия аст ва чандин сол боз бо шавҳару фарзандонаш дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, мегӯяд, шаш моҳ қабл ба Тоҷикистон ба меҳмонӣ омадааст ва бо далели дунёгир шудани коронавирус ва баста шудани роҳҳо ба назди шавҳару фарзандон баргашта наметавонад.

— Ман беморам, сарамро ҷарроҳӣ кардаам. Ҳозир боз бояд дар раванди офиятбахшӣ қарор дошта бошам. Ман дигар тоқат надорам, бояд ба назди пайвандонам баргардам. Намедонем, чӣ кор кунем. Ҳар рӯз омадаву меравем. Камтар фикри моро ҳам кунанд. Мо ҳам инсонем. Ба хона баргаштан мехоҳем, — мегӯяд З. Раҳмонова.

Хурам Баротов аз шаҳрвандони дигари Русия аст, ки аз соли 1993 дар ин кишвар зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ки имсол падараш вафот карду барои видоъ ба Тоҷикистон омад.

— Ҳамсар ва чор фарзандам дар Русия танҳо монданд. Илова бар ин, хоҷагии деҳқонӣ дорам, ба ҳайвонпарварӣ машғулам. Бо шарофати Ҳукумати Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ ба Русия вуҷуд дорад. Чаро Русия шаҳрвандонашро аз ин ҷо барнамегардонад? — суол мегузорад Х. Баротов.

Ба гуфтаи Баротов, боре намояндагони сафорат ба ӯ гуфтаанд, ки вай душаҳрвандӣ дорад ва метавонад, то беҳтар гардидани вазъият ин ҷо бимонад. Аммо қисмати зиёди ҷамъомадагон мегӯянд, онҳо кайҳо шаҳрванди Русияанду наметавонанд дар Тоҷикистон зиёд бимонанд. Ба қавлашон, айни ҳол онҳо дар ҳуҷраҳои иҷора, дар Душанбе, зиндагӣ мекунанд ва ҳар рӯз ба умеди пайдо кардани роҳу воситае барои баргаштан ба манзилашон пушти дари сафорат лаҳзашуморӣ мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here