Бахшида ба 25-солагии Бонки Эсхата иқдоми “Рушди ҳамкори 2019” барои муштариёне, ки интиқоли пулӣ мегиранд, эълон гардидааст, ки дар доираи он тӯҳфаҳои пулӣ то 25 ҳазор сомонӣ бурд карда мешаванд.
Ҳамин тариқ, 6 ғолиби даври дуюми иқдоми «Рушди Ҳамкори 2019» муайян гардид, ки ҳар иштирокчии иқдоми мазкур мукофотҳои пулӣ то 5 ҳазор сомониро ба даст оварданд.
Руйхати ғолибони иқдоми мазкур инҳоянд: Тағоева Наргис, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Тошева Урал, сокини ноҳияи Турсунзода, Мирзоева Ойджонбӣ, сокини шаҳри Бустон, Туронов Валиҷон, сокини шаҳри Истаравшан, Абдуллоев Носиркул, сокини шаҳри Бохтар ва Темуров Аҳлиддин, сокини ноҳияи Ёвон.
Гуфтан бамаврид аст, ки натиҷаҳои ду даври иқдоми “Рушди ҳамкори 2019” ҷамъбаст карда шуданд, ки дар натиҷа 6 нафар ғолибон дар ҳар давр мукофотҳои пулӣ гирифтанд: дар даври аввал 3 ҳазор сомонӣ ва дар даври дуюм 5 ҳазор сомониро иштирокчиёни иқдоми мазкур ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки иқдом аз 3 давра иборат аст ва ҳар кадоми онҳо фонди мукофоти худро доранд. Дар даври сеюми ниҳоӣ ҳар 6 нафар ғолибони ин давра то 25 ҳазор сомониро ба даст хоҳанд овард.
Аз 15-уми майи соли 2019 иқдоми “Рушди ҳамкори 2019” эълон гардида то 1 –уми октябри соли ҷорӣ идома меёбад.
Барои иштирокчии иқдоми мазкур шудан пеш аз ҳама интиқоли пулро дар филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии Бонки Эсхата ба роҳ монда, иштирокчии иқдоми «Рушди Ҳамкори — 2019» хоҳед шуд. Ба ҳар як иштирокчӣ рақами силсилавӣ дода мешавад, ки имкони ғолиб шуданро дорад. Иштирокчиён аз ҷониби комиссияи махсус тавассути интихоби тасодуфӣ бо истифода аз барабани лотерея муайян карда мешаванд.
Бонки Эсхата ҳамаи ғолибони даври дуюми иқдомро бо ғалаба табрик намуда, дигар иштирокчиён метавонанд, тавассути филиалҳои Бонки Эсхата интиқоли пулии худро ба роҳ монда, дар иқдоми мазкур ширкат варзанд.