Даври чоруми таблиғи иқдоми «Бурди ҷашнӣ» аз Бонки Эсхата ба охир расид. Ғолибони иқдоми мазкур Валиев Зоҳир — сокини шаҳри Хуҷанд ва Муҳаммадиев Сайфуллохон аз ноҳияи Мастчоҳ бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гаштанд.

Валиев Зоҳир — сокини шаҳри Хуҷанд зикр намуд, ки “ҳамсараш хизматрасонии клиникаи “Синапс”-и шаҳри Хуҷандро бо корти Бонки Эсхата пардохт намуда, ғолиби иқдоми “Бурди ҷашнӣ” гардидааст. “Дар бисёр маврид ман корти худро дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳр истифода менамоям. Ман хеле шодам, ки пирӯз шудам ва ба дигар иштирокчиёни иқдом пирӯзиро таманно мекунам»,- афзуд ӯ.

Сайфуллохон Муҳаммадиев — сокини ноҳияи Мастчоҳ аз мағозаи хӯроквории “Амид” харид ва бо корти худ пардохт намудааст. “Рости гап, аз ғалаба намуданам интизорӣ надоштам. Бори нахуст бо корти худ харид намуда, ғолиби иқдоми мазкур гаштам. Баъди ғолиб баромаданам тасмим гирифтам, ки минбаъд дар ҳама мағозаҳо ва дигар нуқтаҳо бо корти худ пардохт намуда, вақти худро сарфа мекунам”,- гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкур  аз 1-уми апрел оғоз ёфта, 30-юми сентябри соли 2019 ба анҷом хоҳад расид. Ҳар моҳ аз рӯи натиҷаҳои давраҳо 2 нафар ғолибон муайян карда мешаванд, ки ба ҳар кадомашон 2500 сомонӣ суорида мешавад. Инчунин, беҳтарин иштирокчӣ соҳиби мукофоти асосӣ дар ҳаҷми 25000 сомонӣ мегардад. Ҳамзамон, ба 100 муштарии фаъолтарин 100 туҳфаҳои иловагии пулӣ дода мешавад.

Иштирокчиёне, ки дар марҳилаи миёнадаврӣ ғолиб омадаанд, дар бозии асосӣ имконияти бурди мукофоти асосии иқдом — 25000 сомониро ба даст меоранд.

Бонки Эсхата иштирокдорони иқдоми худро бо пирӯзӣ табрик гуфта, муштариёни дигарро даъват менамояд, ки дар он фаъолона ширкат варзанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here