Бонки Эсхата иқдоми нави «Ҳамқадами замон»-ро эълон кард. Бо қабули интиқоли пулӣ ба корт, ҳамёни мобилӣ ё суратҳисоби бонкии худ, шумо иштирокчии иқдом мегардед ва имкон пайдо мекунед, ки соҳиби мошини тамағаи Hyundai Accent шавед.

Мувофиқи шартҳои иқдом ба гирандагони интиқоли пулӣ ID-рақам, яъне рақами тартибии идентификатсионӣ тариқи СМС равон карда мешавад, ки онҳо дар бурди туҳфаҳои арзишноки иқдом ширкат меварзанд. Ғолибон бо роҳи интихоби тасодуфӣ муайян карда мешаванд.

Аз наздикон ва дӯстони худ хоҳиш кунед, ки на кам аз 5000 рубли русӣ маблағ ирсол намоянд, маблағро дар як лаҳза қабул намоед ва ҳамзамон имконияти бурди туҳфаҳоро ба даст оред.

«Ҳамқадами замон» аз 3 даври байнимарҳилавӣ ва даври ниҳоӣ иборат аст:

Тибқи натиҷаҳои даври аввали иқдом, 100 адад туҳфаи пулӣ ба маблағи 300 сомонӣ бурд карда мешавад.

Аз рӯи натиҷаҳои даври дуюм 100 адад 600-сомонӣ бурд карда мешавад.

Дар даври сеюми иқдом 100 адад 900-сомонӣ бурд карда мешавад.

Мувофиқи даври ниҳоии иқдом, 12 адад туҳфаи пулӣ ба маблағи 10 000 сомонӣ ва инчунин туҳфаи асосӣ автомобили Hyundai Accent бурд карда мешавад.

Муҳлати амали иқдом аз 15.07.2020 то 15.11.2020.

Шитобед! Имконияти хуби бурди туҳфаҳоро аз даст надиҳед!

Муфассалтар: 808!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here