ҶСК  “Бонки Эсхата” дар Тоҷикистон яке аз аввалин шуда, ба хизматрасони SWIFT global payments innovation (gpi) пайваст шуда, ба “руйхати сабз” дохил гардид. Акнун бонк имконият дорад, ки тавассути интиқол додани маблағ дар байни давлатҳои хориҷа суръат, шаффофият ва сифати баланди хизматрасониро соҳиб шавад.

Акнун шаҳрвандон имконият доранд, ки интиқоли маблағҳои худро дар се ҷараён пайгири намоянд. Ҳамзамон дар як ҳафта 7 рӯз аз ҳолати маҳалли ҷойгиршавии пардохтҳо тариқи онлайн назорат намоянд.

Ҳангоми ирсоли пардохт, бонк рамзи ягонаи амалиётро месозад, ки он бояд  дар тамоми занҷираи пардохт бетағйир нигоҳ дошта шуда, ба шаҳрвандон имкон диҳад, ки пардохти мушаххасро ҳар лаҳза назорат кунанд.

Маълумот дар бораи маҳалли ҷойгиршавии маблағҳо ва андозаи комиссия дар ҳар як марҳилаи коркарди пардохт ба бонк имконият медиҳад, ки пешниҳоди маълумоти дақиқ доири ба суратҳисобҳои қабулкунандагон ворид кардани маблағҳоро кафолат диҳад.

“ Мо шодем, ки “Бонки Эсхата” ба хизматрасонии SWIFT gpiи пайваст шудааст ва ба тамоми  талабот  пурра ҷавобгӯ аст. Ин имконияти нав барои кори минбаъда дар самти баланд бардоштани пардохтҳои байнидавлатӣ бо асъорӣ хориҷӣ барои мизоҷон имконияти фароҳамро васеъ кардааст. Ин имконияти нав ба мизоҷон имкон медиҳад, ки вақти худро сарфа намуда, аз хароҷотҳои иловагӣ озод бошанд”-гуфт Акбарҷон Мамадҷонов, сардори Раёсати ҳисоббаробаркунии амалиётии ҶСК “Бонки Эсхата”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here