Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳ ва гузоштани санги асоси як қатор иншооти таъйиноташон гуногун ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафт.
Сафари кории Президент аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид. Ӯ нахуст дар деҳаи Вишхарв Корхонаи «Карон-калсит»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
«Карон-калсит» имконият дорад, ки дар як сол 100 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият намуда, он дар назди захираи бузурги санги мармари сафед, ки микрокалсит аз ин навъи санг омода мегардад, бунёд ёфтааст. Коргоҳ дорои чор хатти истеҳсолӣ буда, навъҳои гуногуни микрокалситро истеҳсол менамояд. Бо истифода аз технологияи муосири корӣ дар корхонаи навтаъсис истеҳсоли микрокалсит аз 2 то 500 микрон ба роҳ монда шуда, 40 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб шуданд.
Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи дашти Лучи ноҳияи Дарвоз барои сохтмони канали обрасон санги асос гузошт. Масоҳати Дашти Луч бештар аз 500 гектарро дар бар гирифта, қариб 330 гектари он қобили обёрӣ мебошад. Ин мавзеъ дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, канали мазкур ба шакли худҷореъ фаъолият хоҳад кард ва бунёди он имконият медиҳад, ки 315 гектар замини дигар дар ноҳияи Дарвоз обёрӣ карда шавад.
Сипас, Президент ба Қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард рафт ва бо шароити хизмат дар ин қисми низомӣ шинос шуд. Баъди суханронии Президент гузашти низомии сарбозон баргузор гардид.
Баъди ин вохӯрӣ, Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Суди ноҳияро мавриди истифода қарор дод ва дар идомаи сафар бо 55 нафар ятими кулл ва маъюб, ки тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд, мулоқот кард ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим кард.
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад.