Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия рафт.

Гуфта мешавад, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчиаш дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 24-уми июн дар Майдони Сурхи Маскав баргузор мешавад, ки дар он сарони чанд кишвари собиқи Шӯравӣ чун меҳмони президенти ин кишвар Владимир Путин ширкат мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here