Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, барномаҳои радио ва телевизион бояд аввал аз назари экспертҳо гузаронида шаванд ва баъд ба пахши он дар эфир иҷозат дода шавад.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, рӯзи 31-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш дар ин бора иттилоъ дод.

Номбурда дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон дар мавриди забон ва ҳусну қубҳи барномаҳои радио ва телевизионӣ гуфт, ин масъала дар баррасӣ аст.

— Мо ба Кумитаи радио ва телевизион мактуб ирсол кардем. Ҷавоби баъзе аз мутахассисон ҳам дуруст аст, ки мегӯянд «ҳама кормандони васоити ахбори омма рӯзноманигорон ва филологҳо мебошанд. Боз шумо чӣ гуна эксперти дигар мехоҳед?». Сари ин масъала кор рафта истодааст ва рӯзҳои наздик он ҳалли худро хоҳад  ёфт, — гуфт Шарофзода.

Ин дар ҳолест, чанде қабл комиссияи Кумита забони чанд ҳафтаномаи даврӣ, аз ҷумла «Фараж» ва «СССР»-ро санҷиду эродҳои зиёд гирифт. Эроди Кумита бештар забони баёни  «СССР» буд, ки ҳангоми навиштани матлаб аз калимаҳои русӣ истифода карда мешавад. Ба гуфтаи намояндагони Кумита, ин ҳолат ба ҳусни баён  ва меъёрҳои давлатии забони тоҷикӣ халал эҷод мекунад.

Добавить комментарий