Бо қарори шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 12 декабри соли ҷорӣ дар ҳудуди пойтахт ярмаркаҳои солинавии фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ташкил гардид, ки он то 31 декабр идома хоҳад ёфт.
Бо мақсади иҷрои қарор ва таъмини мардум бо маҳсулоти ниёзи авалия дар арафаи Соли Нав, дар назди КВД “Бозори саховат” аз тарафи Агентии захираҳои модии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Оид ба захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе”, КВД “Бозори Саховат” ва Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, ярмаркаи маҳсулоти озуқаворӣ фароҳам оварда шудааст.
Вобаста ба нархи наво ва дар кадом сатҳ ташкил гардидани ярмарка Саидшо Сангалиев, муовини директори КВД “Бозори Саховат” бар он назар аст, ки арзиши маҳсулот дар ярмарка аз маҳсулоти дохили бозор ба куллӣ фарқ дорад.
— Арзиши маҳсулоти ярмарка аз нархи қаблии фурӯши маҳсулот 25-30 дарсад арзонтар аст. Ҳамарӯза, 5-6 тонна орд ба фурӯш рафта, миқдори зиёди гӯшт, равған, шакар ва сабзавоту меваҷот пешниҳоди мардум мешавад. Ташкили ярмаркаи мазкур барои ба танзим даровардани нархи навои маҳсулот то андозае мусоидат кардааст, — зикр кард Саидшо Сангалиев.
Назари сокинон дар робита ба ин масъала дигаргун аст. Зайнавбӣ Латифова, сокини пойтахт, ки мо бо ӯ ҳангоми харидории маҳсулоти ярмарка ҳамсӯҳбат гардидем, аз гарони ва бетайғир мондани арзиши маҳсулот шикоят кард.
— Тафовуте дар арзиши маҳсулоти ярмаркаҳо нест. Гӯшт 50 сомонӣ буд, ҳозир ҳам ҳамон 50 сомонӣ боқӣ мондааст. Харидани орд бо арзиши 200 сомонӣ бароям мушкил аст. Шаш фарзанд дорам. Шавҳарам маъюб аст. Дар боғчае фаррош шуда кор мекунам. Моҳонаам 550 сомонӣ аст. Магар бо ин миқдор маош шаш фарзандро хӯрондан осон аст? – бо алам иброз дошт Зайнавбӣ Латифова.
Дар масъалаи ордҳои истеҳсоли ватанӣ, ки нисбатан арзонтаранд, Зайнавбӣ Латифова аз сифати пасташон гила кард ва хостори он шуд, ки дар арафаи Соли Нав арзиши маҳсулот поён фароварда шавад. Дар ин сурат иқдоми мазкур метавонад ба ғанигардонии бучаи оилаи ниёзмандон саҳм гузорад.
Зимнан, ҳангоми мушоҳидаи чандсоатаи мо дар ярмаркаи КВД “Бозори Саховат” маълум гардид, ки дар баробари арзонии нархи наво, арзиши орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон 193 сомонӣ ва гӯшт 50 сомонӣ, аз нархи ҳамин навъи маҳсулоти дохили бозор фарқе надоранд. Танҳо дар як нуқта аз тарафи Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон гӯшт бо нархи 47 сомонӣ фурӯхта мешуд. Дар дигар маконҳо арзиши гӯшт 50 сомонӣ буд.