Як рӯзи ҷашни Наврӯзи соли 2020 дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар таҷлил карда мешавад.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки Наврӯзи ҷумҳуриявии имсол 21-уми март дар шаҳри Душанбе, 22-юми март дар шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон ва 23-юми март дар вилояти Суғд баргузор карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша бояд Наврузи соли 2020 дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ баргузор карда мешуд, зеро дар ин ноҳия дар майдони 28 гектар замин ҳоло сохтмони варзишгоҳ, мактаб барои кӯдакони болаёқат,  муассисаи томактабӣ, хонаҳои истиқоматӣ,  терминал ва боғи фарҳангию-фароғатӣ идома доранд. Гуруҳи корӣ аз корҳои сохтмонӣ дидан кардаанд ва ба далели то ҷашни Наврӯз  ба охир нарасидани сохтмони аксар иншоот баргузории ҷашни Наврӯз дар ин ноҳия ба соли дигар гузошта шудааст.

Раиси вилояти дар идома гуфт, дар шаҳри Бохтар 22 иншооте ҳастанд, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз ба истифода дода мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here