Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳбарони давлатҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯи таҳаввулоти ахир дар Ҷумҳурии Қирғизистон изҳороти муштарак пахш карданд.

Дар изҳорот омадааст, ки вуқӯъи ҳодисаҳо дар Ҷумҳурии Қирғизистони ҳамҷавор  роҳбарони чаҳор давлатро ҷиддан ба нигаронӣ мувоҷеҳ намудааст.

“Ҳамчун ҳамсояҳои наздик, ки моро риштаҳои дӯстии чандинасра, ҳамсоядории нек, арзишҳои муштараки фарҳангиву маънавӣ мепайванданд, мо дар ин рӯзҳои мушкил аз мардуми Қирғизистон даъват мекунем, ки барои ҳифз ва барқарори сулҳу субот дар кишварашон хиради беназири худро намоиш диҳанд. Умедворем, ки ҳамаи аҳзоби сиёсӣ ва доираҳои ҷамъиятии Қирғизистон ҷиҳати таъмини сулҳу амонӣ ва осоиштагӣ, ҳалли мушклиҳое, ки ҳангоми рияои бечунучарои Қонуни асосӣ ва қонунгузориҳои миллӣ ба вуҷуд омадаанд, талошҳои заруриро пиёда хоҳанд кард”, қайд шудааст дар изҳороти муштараки роҳбарони чаҳор давлат.

Дар он ҳамчунин зикр шудааст, ки ривоҷу равнақи Қирғизистон барои амнияти минтақавӣ ва рушди устувори саросари Осиёи Марказӣ омили муҳим хоҳад буд.

Бино ба ин изҳорот панҷ кишвари Осиёи Марказиро гузаштаи муштарак ба ҳам васл менамояд, ояндаашон низ муштарак мебошад. Гузашта аз ин, мардуми Осиёи Марказиро таърихан зарурати сулҳи пойдор, ҳамоҳангӣ ва созандагӣ барои манфиати наслҳои оянда муттаҳид менамояд.

“Бо ҳадафи расидан ба мароми муштарак кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои минтақавиро ҷиҳати тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва фарҳанги-гуманитарӣ, шарикии фаромарзӣ ва байниминтақавӣ фаъолона мустаҳкам мекунанд”, омадааст дар изҳороти муштарак.

Бино ба изҳороти сарони чаҳор давлат вақте ки ҳама дастаҷамъона барои таҳким бахшидани ваҳдату ҳамгироии Осиёи Марказӣ талош ба харҷ медиҳанд, ҳамзамон ҳамбастагӣ, сулҳ, рушди мустақил ва шукуфоии мардуми Қирғизистонро ҳамеша дастгирӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки чанде муқаддам президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сарони давлаҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон вазъияти Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор додааст. Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон низ аз ташаннуҷи авзоъ дар Қирғизистони ҳамҷавор ибрози нигаронӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол Ӯзбекистон аз 6 октябр марзҳояш бо Қирғизистонро барои шаҳрвандони ин кишвар бастааст.  Ҳамчунин убуру мурури шаҳрвандони кишвари сеюм аз тариқи ин кишвар ба Ӯзбекистонро маҳдуд намудааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here