Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон перомуни муҳокимаҳои васеъи ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев дар ВАО ва шабакаҳои интернетӣ изҳороти расмӣ интишор кард. Ёдовар мешавем, ки  дар шабакаҳои интернетӣ 16-уми ноябр сабти навори аудиоие пахш гардид, ки тавассути он ҳокими шаҳри Тошканд журналистонро ҳақорат дода ва то ба он расидааст, ки гуфтааст, онҳоро ҷисман нобуд хоҳад кард.

Дар изҳороти расмии ААКОӮ омадааст: “Муҳокимаҳои фаъоли ин низоъ аз тарафи ҷомеа, воситаҳои ахбори умум ва блогнависҳо, вокуниши фаврии Додситонии кулл, Иттиҳодияи эҷодии ҳурналистон, Вазорати адлия ва аҳзоби сиёсӣ баёнгари он аст, ки назорати иҷтимоӣ, рушду камоли ташаккули демократӣ, табдили мунтазами ВАО ба “ҳокимияти чаҳорум”, ҳамчунин шавқмандии ҷумҳурӣ ба курси ошкоравӣ дар ҷомеаи кишвар афзоиш меёбад”.

Гуфта мешавад, ба манзури ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи ин авзоъ, ҳамзамон бо дарназардошти дархосту хоҳиши таҳририяти “Кун.уз” ААКОУ аз блогерҳо ва журналистон даъват менамояд, ки мулоқоти ҳокими шаҳри Тошканд ва кормандони ин таҳририятро ба назари эътибор гиранд ва минбаъд домани ин мавзӯъро фарохтар насозанд.

“Бо вуҷуди ин, мо бовар дорем, ки сохторҳои интизомии ҷумҳурӣ ин ҳолатро то ба охир мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд ва онро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ арзёбӣ мекунанд”, — гуфта шудааст дар изҳороти Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон.

Маълум шуд, ки ин ҳарфҳо ба сӯи кормандони сомонаи интернетии kun.uz нигаронида шудааст. 17 ноябр ҳокими шаҳри Тошканд бо кормандони ин сомонаи интернетӣ мулоқот кардааст ва ҳамаи масъалаҳои марбут ба ин ҳодиса мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Гуфта мешавад, сомонаи интернетии kun.uz расман иттилоъ пахш кардааст, ки ҳамаи ихтилофи назарҳои байни ҳокими шаҳри Тошканд ва таҳририяти ин сомона ба танзим дароварда шуд ва байни ҷонибҳо ҳусни тафоҳум ва созиш ва гузашт ба вуқӯъ пайваст.

Бино ба таҳририяти сомонаи интернетии kun.uz аз ташреҳи ҳокими шаҳри Тошканд қаноат ҳосил аст ва ба журналистони блогарҳо барои ҳамдастӣ ва ҳимояту вокунишҳо ибрози сипосгузорӣ менамояд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

1 бинависед

  1. Илтимос, ин чӣ забон аст. Забони тоҷикии заъифи матбуоти тоҷикзабони Узбакистонро ба ин ҷо накучонед.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here