Раиси собиқи Роспотребнадзор, ё ба қавле сарпизишики санитарии Русия Генадий Онишенко, ки ҳоло вакили Думаи давлатӣ аст, пешниҳод кардааст, ки шумораи рӯзҳои истироҳати солинавиро дар ин кишвар ба хотири кам кардани маргумир коҳиш додан лозим аст.
Вай чунин меҳисобад, ки рӯзи корӣ бояд аз 2-юми январ оғоз шавад. Гуфта мешавад, ки Онишенко ҳамеша ҷонибдорӣ системаи шӯравӣ, ки одамон 31-уми декабр барвақттар аз кор ба хона мерафтанду 1-уми январ истироҳат мекарданд, будааст.
Ба гуфтаи ӯ фоҷиаҳои Соли нав бештар ба бемориҳо, ки бо ид кардан хурӯҷ мекунанд, нӯшидани зиёди машрубот, садамаҳое, ки дар ҳолати мастӣ рух медиҳанд, бастагӣ доранд.