Соли равон 101-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки ба таърихи 29-уми майи соли 1918 рост меояд, таҷлил карда мешавад.

Ба муносибати рӯзи истиқлолият сафорати Озарбойҷой дар Тоҷикистон шоми 30-юми апрел дар меҳмонхонаи «Серена» маросими ботантана баргузор кард, ки сафирон ва намояндагони сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ дар Душанбе, ҳамчунин, шоирону нависандагони саршиноси тоҷик ва хабарнигорони ватанию хориҷӣ иштирок доштанд.

Сафири кишвари Озарбойҷон дар Тоҷикистон ҷаноби Гасан Мамедзаде ба ҳозирин барои иштирокашон изҳори миннатдорӣ намуда, бо лаҳни шево ва равони тоҷикӣ суҳбат кард.

Номбурда ҷумҳурии Озарбойҷонро аз аввалин давлатҳои демократӣ, дунявӣ ва мустақил дар ҷаҳони исломӣ арзёбӣ карда, гуфт, арзишҳои либералӣ, демократӣ, аврупоӣ ва мероси ғании фарҳангии мардумашро муттаҳид намуд.

— Озарбойҷон ҳуқуқҳои сиёсии тамоми шаҳрандонашро, новобаста ба мансубияти этникӣ, динӣ, табақавӣ ҳимоят мекунад. Соли ҷорӣ мо садсолагии хадамоти дипломатии ҷумҳуриро низ ҷашн мегирем. Ҷумҳурии демократии Озарбойҷон аз рӯзи ташкилёбияш сиёсати фаъоли хориҷиро пеш бурд, ки дар натиҷа чун давлати соҳибистиқлол дар миёни кишварҳои ҷаҳон пазируфта шуд, — иброз дошт сафир.

Дар чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Саидзода Зоҳир Озод иштирок ва суханронӣ карда, муносибатҳои дипломатӣ, тиҷоратӣ ва дӯстонаи ду кишвари соҳибистиқлол — Тоҷикистону Озарбойҷонро хуб арзёбӣ намуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here