Ду дастаи намояндаи Тоҷикистон дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2019 – «Истиқлол» ва «Хуҷанд» натавонистанд, ки ба даври дигари ин мусобиқа роҳ ёбанд ва иштироки ин мавсимро дар даври гуруҳӣ ба анҷом расонданд.

Дастаи «Истиқлол», ки дар даври панҷум аз «Хуҷанд» бо натиҷаи 2:3 шикаст хӯрда буд, бояд дар вохӯрии охири гуруҳӣ бар муқобили «Олтин Асир»-и Туркманистон пирӯзӣ ба даст меовард, то ба даври дигар роҳхат мегирифт. «Хуҷанд» бо вуҷуди пирӯзӣ бар «Истиқлол» имкони ба даври дигар баромаданро аз даст дода буд ва дар меҳмонӣ бар дастаи «Дордой»-и Қирғизистон бо натиҷаи 0:3 мағлуб шуд.

«Истиқлол» дар майдони худ бозии хуб ва ба гуфти коршиносон касбӣ нишон дод, аммо натавонист комёб шавад. Як хатои ниммуҳофизатгари даста буд, ки ҳарифон гол заданд ва кӯшиши минбаъдаи футболбозони «Истиқлол» танҳо ба задани як голи ҷавобӣ расид. Натиҷаи мусовӣ бар нафъи меҳмонон буд ва онҳо имтиёзҳояшонро ба 11 расонда, чун соли гузашта «Истиқлол»-ро пушти сар гузоштанд ва даври дигар рафтанд.

Сармураббии даста Ҳаким Фузайлов 27-уми июн аз вазифааш канор рафт. Ӯ дар нишасти баъди бозӣ гуфт, ки аз бозии охири дастааш хушҳол аст, аммо аз баромади клуб дар Ҷоми КФО қаноатманд нест. Ба гуфтаи ӯ бозӣ бо «Дордой» боис шудааст, ки даста имтиёзҳои заруриро аз даст диҳад, чун ин бозӣ дар моҳи Рамазон будааст ва бисёре аз бозигарон рӯзадор будаанд. «Ман наметавонам, ки ба онҳо рӯзадориро манъ кунам», — гуфтааст сармураббӣ.

Дастаро ба вохӯриҳои дигари мавсим Алишер Тухтаев, ки иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ таъйин шудааст, омода хоҳад кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here