Клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии марказии даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ бар дастаи “Куктош” бо ҳисоби 6:1 ғалаба кард ва чун мавсимҳои гузашта пеш аз муҳлат медалҳои тиллоро сазовор гардид.

Шогирдони Алишер Тӯхтаев  маротибаи ҳаштум унвони чемпиони Тоҷикистонро ба даст оварданд. “Истиқлол” қаблан солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017 ва 2018 ғолиби Чемпионати мамлакат гардида буд. Аз ҳисоби ба даст овардани медалҳои тилло “Истиқлол” дастаи “Регар-ТадАЗ”-ро пеш гузашта, серҷоизатарин клуби Тоҷикистон гардид.

Дар бозӣ миёни дастаҳои “Куктош” бо “Истиқлол” дар ҳайати дастаи ғолиб Шериддин Бобоев 3 гол, Алишер Ҷалилов 2 гол, Эҳсони Панҷшанбе 1 гол заданд. Голи дастаи ноҳияи Рӯдакиро Отабек Каримов ба ҳадаф расонд.

Дар доираи даври 17-ум бозӣ миёни дастаҳои “Истаравшан” ва “Хатлон” мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Ба голи задаи бозигари мизбонон Илҳомҷон Баротов аз ҷониби меҳмонон Парвиз Охунов ҷавоб гардонд.

“Регар-ТадАЗ” дар майдони худ бар КМВА “Помир” бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Ҳисобро бозигари дастаи мизбон Шерзод Муҳаммадиев дар дақиқаи 28-ум кушод. Дар дақиқаи 35-ум Сафаралӣ Каримов аз пеналтӣ ҳисобро баробар кард. Голи ғалабоварро Акбари Араш дар дақиқаи 44 зад.

Дар бозии охирини давр “Хуҷанд” дар меҳмонӣ ба дарвозаи “Панҷшер” 5 голи беҷавоб зад. Ҷаҳонгир Эргашев ва Фирдавс Чақалов 2-голӣ, Алишер Баротов як гол ба ҳадаф расонданд.

«Хуҷанд» бо 29 имтиёз дар зинаи дуюм ҷой дорад ва нисбат ба дигар дастаҳо як бозӣ кам анҷом додааст. Мубориза барои ҷойи сеюм байни дастаҳои «Хатлон», «Регар-ТадАЗ» ва «Кӯктош» идома дорад.

Даври ҳаждаҳум 5-уми октябр баргузор мешавад:

“Хатлон” – “Хуҷанд”

КМВА “Помир” – “Панҷшер”

“Истиқлол” – “Регар-ТадАЗ”

“Истаравшан” – “Куктош”

 Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

   Дастаҳо  В  П  М  Б  Т/Т  И
 1   «Истиқлол» (Душанбе)   17  14   3  0  51-12   45 
 2  «Хуҷанд» (Хуҷанд)  16  9  2  5  31-16  29
 3  «Хатлон» (Бохтар)  17  6  5  6  23-22  23
 4  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)  17  6  4  7  24-27  22
 5  «Куктош» (Рӯдакӣ)  17  5  5  7  24-29  20
 6  КМВА «Помир» (Душанбе)  17  5  4  8  17-24  19
 7  «Истаравшан» (Истаравшан)  16  5  3  8  14-24  18
 8  «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ)  17  3  2  12  13-43  11

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here