Клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар доираи омодагӣ ба мавсими нав дар вилояти Суғд қарор дорад ва дар Ӯзбекистон чанд вохӯрии санҷишӣ баргузор мекунад.

Даста 4 вохӯрии дӯстона ба нақша гирифтааст, ки ҳамаи дастаҳои ҳариф аз Ӯзбикистон ҳастанд. Футболбозони «Истиқлол» аз вилояти Суғд ба Тошканд рафтанд ва вохӯрии якуми даста 12-уми март бо дастаи «Оқтепа» аз Тошканд баргузор шуд. Душанбегиҳо бо натиҷаи 4:0 ғолиб омаданд. Голҳоро дар ҳайати «Истиқлол» Шаҳром Самиев, Комрон Турсунов легионери украинӣ Юрий Саломка ва легионери ӯзбек Ҷалил Кимсанов ба ҳадаф расонданд. Дарвозабони «Истиқлол» Никола Стошич як пеналтиро баргардонд.

15-уми март «Истиқлол» бо «Сурхон» (Термиз), 18-уми март бо дастаи «Динамо» (Самарқанд) бозӣ мекунад. Ҳарифи чорум, ки бояд 21-уми март бо дастаи Душанбе бозии санҷишӣ гузаронад, дар рӯзҳои наздик маълум хоҳад шуд.

Ин давраи омодагии «Истиқлол» ба Ҷоми КФО ба шумор меравад, ки даста дар гуруҳи «D» бо «Олтин Асир» (Туркманистон), «Дордой» (Қирғизистон) ва ғолиби ҷуфти «Хуҷанд» (Тоҷикистон)-«Аҳал» (Туркманистон) бозӣ хоҳад кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here