Дар бахши рушди стратегияи техникии кишвар Tcell шабакаи баландсуръати чорум — 4G-ро дар шаҳрҳои Ҳисор ва Ваҳдат насб кардааст. Акнун сокинони ин шаҳрҳои нтернети баландсуръати стандарти 4G аз Tcell-ро истифода бурда, барои худ имкониятҳои навро кашф мекунанд.
Ширкати Tcell дар пешниҳоди қарорҳои инноватсионӣ оиб ба рушд ва навсозӣ шабакаҳоро барои аҳолӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба зимма гирифтааст.
Айни замон ҳар як шаҳрванд ба шабакаҳои босуръати боэътимод, устувор ва муосир ниёз зиёд дорад. Маҳз ҳамаи ин талаботҳои замонавироTcell ҳангомитаҳияи шабакаи худ- 4G ва навсозии шабакаи 3G ба назар гирифтааст. Шабакаи баландсуръати 4G дар Ҳисор ва Ваҳдат имкон медиҳад, ки суръати пайвастшавӣ ба интернет бо афзоиши трафики мобилии интернети пайваст шуда аз ҷониби муштариёни ширкат 5 маротиба зиёд карда шавад.
Шабакаи баландсуръати 4G аз Tcell интернетро то ҳадди имкон бароҳат мегардонад. Барои истифодаи имкониятҳои шабака, Tcell «Имконоти бемаҳдуд» –рофароҳам меорад, ки дастрасии номаҳдуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмнависони фавриро фароҳам меорад ва барои муоширати номаҳдуд имкониятҳои фароҳамро пешкаши муштариён гардонидааст.
Танҳодар моҳҳои охир шабакаи 4G-и Tcell дарДушанбе, Хоруғ ва вилояти Суғд ба таври васеъ фаъол гардонида шуд. Ширкати Tcell дар саросари кишвар оид ба рушди шабакаҳо ва ҳамватанон имкониятҳои нави технологӣ фароњам меорад.
Tcell бузургтарин ширкати телекоммуникатсионии Тоҷикистон мебошад, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи рушди иқтисодии Оғохон (AKFED) мебошад. AKFED оҷонси байналмилалии рушд мебошад, киба пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ устувор нигаронида шудааст. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN – шабакаи оҷонсиҳои хусусии рушд мебошад, ки ҳадафи он беҳтар кардани имконот ва шароити зиндагии мардуми кишварҳои рӯ ба тараққӣ мебошад. Агентиҳои AKDN баҳри манфиати тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва мазҳабашон кор мекунанд. Ташкилоти Оғохон оид ба рушд AKDN ба саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол, аз ҷиҳати сиёсӣ устувор, зеҳнии гуногун ва фарҳангии таҳаммулпазир мебошад.