Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади дастгирии моддӣ-маънавии нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло қарор кардааст, ки истифодаи шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда (чиптаи имтиёзноки солона, ё корти имтиёзноки пардохти электронии роҳкиро) тариқи ройгон ба роҳ монда шавад.

Мувофиқи ин тасмим бо инобати қарори маҷлиси васеи роҳбарону масъулини корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётии шаҳри Душанбе аз 30 сентябри соли 2017, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» аз 15 декабри соли 2017 хизматрасонӣ тавассути нақлиёти мусофирбари истифодаи умум (ба истиснои таксӣ) дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда (чиптаи имтиёзноки солона ё корти имтиёзноки пардохти электронии роҳкиро) тариқи ройгон ба роҳ монда мешавад.

Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» якҷо бо корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1, 2, 3», «Троллейбус» ва ҷамъиятҳои нақлиётие, ки дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ ҳамлу нақли мусофиронро амалӣ менамоянд, барои дастгирии моддӣ-маънавии нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло барои истифодабарии ройгон дар воситаи нақлиёти мусофирбари истифодаи умум (ба истиснои таксӣ) ҳамаҷониба мусоидат намуда, чораҳои заруриро роҳандозӣ кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here