Клуби «Истиқлол»-и Душанбе дар доираи даври гурӯҳии ҷоми КФО-2018 дар сафар бо дастаи «Олтин Асир» аз Ишқободи Туркманистон вохӯрд ва натавонист, ки ҳисоби ғалабаоварро то охири бозӣ нигоҳ дорад.

Ин вохӯрӣ дирӯз дар Балканободи Туркманистон баргузор шуд ва қисми аввали он бо бартарии чашмраси соҳибони майдон гузашт. Меҳмонон танҳо дар охири қисми якум андаке бозии худро ба роҳ монданд ва дар аввали қисми дуюм ду гол ҳам заданд. Аввал ба легионери беларуси «Истиқлол» Николай Зенко муяссар шуд, ки дар дақиқаи 50-уми ҳисобро кушояд, сипас, легионери дигари беларус Сергей Тихоновский пеналтӣ кор кард. Пеналтиро Аҳтам Назаров бехато анҷом дод. Ҳисоби 2:0 ба манфиати шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев то дақиқаҳои охири бозӣ идома кард. Соҳибони майдон дар дақиқаи 90-ум як гол заданд ва дар вақти иловагӣ ҳисобро баробар карданд.

Дар вохӯрии дигари ин гурӯҳ «Аҳал» (Туруманистон) дар майдони худ дарвозаи «Олой»-и Қирғизистонро голборон кард – 5:0. Бо ҷамъбасти ду давр дастаҳои «Олтин Асир» ва «Истиқлол» бо чоримтиёзӣ пешсафанд, аммо шумораи голҳои туркманҳо зиёд аст, чун дар даври якум ба дарвозаи «Олой» шаш гол зада буданд. Ин дар ҳолест, ки «Истиқлол» бо натиҷаи 1:0 дар майдони худ «Аҳал»-ро шикаст дода буд.

Вохӯриҳои даври сеюм дар ин гурӯҳ 11-уми апрел баргузор мешаванд. Дар ин рӯз «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор «Олой»-ро қабул мекунад, ду дастаи туркманӣ – «Аҳал» ва «Олтин Асир» дар Ишқобод вомехӯранд.

Манучеҳр Ниёзов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here