Клуби футболи “Итиқлол”-и Душанбе маротибаи чорум барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд.

“Истиқлол”, ки дар вохӯрии якуми даври пешакии ин мусобиқа шикаст хӯрда буд, то ба финал расид. Дар финали Ҷоми ФФТ “Истиқлол” бо “Регар-ТадАЗ” бозӣ кард ва бо натиҷаи 3:1 ғолиб омад. Ҳисоби бозиро дар вақти иловагии қисми якум Ромиш Ҷалилов кушод. Сипас, дар қисми дуюм мухлисон шоҳиди се голи дигар шуданд. Дар дақиқаи 71-ум капитани “Истиқлол” Дилшод Восиев ҳисобро 2:0 кард, баъди чор дақика Эҳсони Панҷшанбе онро ба 3:0 расонд. Дар охири бозӣ ба бозигаи ивазшудаи “Регар-ТадАЗ” Сайдамири Сайдаҳмад муяссар шуд, ки гол занад. Дар дақиқаи 88-ум ин бозигар барои дағалона бозӣ карданаш ба муқобили Шериддин Бобоев аз майдон ронда шуд. Ҳамин тавр, “Истиқлол” маротибаи чорум барандаи Ҷоми ФФТ шуд. Пеш аз ин даста дар солҳои 2014, 2015 ва 2017 низ ғолиби ин мусобиқа шуда буд.

Медалҳои биринҷии ин мусобиқа насиби футболбозони дастаи “Панҷшер” аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шуд. “Панҷшер” дар бозӣ барои ҷойи сеюм бо натиҷаи 2:1 КМВА “Помир”-и Душанберо мағлуб кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here