Клуби футболи «Истиқлол» дар даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератияи футболи Осиё (КФО-2018) дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо дастаи «Аҳал» аз Туркманистон бозӣ кард ва ғалаба ба даст овард.

Ин бозии аввалини шогирдони Муҳсон Муҳаммаддиев дар даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 буд, ки бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи онҳо анҷом ёфт.

Бозӣ, ки дар ҳузури 11 ҳазор мухлис баргузор шуд, бо як гол ба охир расид. Ин гол дар дақиқаи 25-ум зада шуд. Баъди партофти Нозим Бобоҷонов легионери беларусии «Истиқлол» Николай Зенко ба дарвозаи ҳариф зарба зад, ки дарвозабони «Аҳал» тӯбро баргардонид, вале он ба пойи ҳимоятгари дастаи «Аҳал» бархӯрда, вориди дарвоза шуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «D» дастаи «Олтин Асир»-и Туркманистон дар меҳмонӣ бар дастаи «Олой»-и Қирғизистон бо ҳисоби 6:3 пирӯзӣ ба даст овард.

Бозиҳои давраи дуюми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» рӯзҳои 13 ва 14-уми март баргузор мешаванд. «Истиқлол» 14-уми март дар Балканобод бо тими «Олтин Асир»-и Туркманистон, як рӯз пеш, 13-уми март «Аҳал» дар Ашқобод бо «Олой»-и Қирғизистон бозӣ мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here