Бар асоси назарсанҷии маркази мутолиоти Бонки рушди Евразия аксари мардуми Тоҷикистон аз беҳбуди равобит бо Ӯзбекистон истиқбол мекунанд. Бинобар ин гузориш, танҳо 14 дарсад мардуми тоҷик мӯътақиданд, ки Ӯзбекистон дӯсти Тоҷикистон нест.

Маркази мутолиоти Бонки рушди Евразия, ки ин назарсанҷиро дар соли 2017 анҷом додааст, эълон кард, ки то соли 2012-ум 64 дарсади тоҷикҳо Ӯзбекистонро таҳдиде барои кишвар худ медонистанд.

Аммо дар ҳоли ҳозир вазъият ба куллӣ тағйир кардааст ва Ӯзбекистон дар назари аксари мардуми тоҷик душман нест.

Тағйири афкори умум нисбат ба Ӯзбекистон дар Тоҷикистон махсусан дар соли 2016 баъд аз даргузашти президенти собиқи ин кишвар Ислом Каримов шурӯъ ва бо омадани президенти нав Шавкат Мирзиеёв дар соли гузашта суръат гирифт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here