Як зан дар Истаравшан бо як зарби табар шавҳари 54-солаи худро ба қатл расонидааст.
Маркази матуботи ВКД хабар медиҳад, ки 12-уми октябри соли 2020, тахминан соати 06:30, зани 40-солае дар хонаи истиқоматиаш бо шавҳараш, марди 54-сола, муноқиша кардааст, ки ба ҷангу ҷанҷол расида, сабаби марги яке гаштааст. Зан бо табари хоҷагӣ 1 маротиба ба сари мард задаст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани сокини ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан бо гумони содир кардани ин ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.