Даври навбатии вохӯриҳои Лигаи олии Чемпионати футболи Тоҷикистон бо истеъфои боз як мураббӣ ба анҷом расид. Дастаи «Истаравшан» боз ҳам боиси он шуд, ки як мураббӣ «бекор» монад.

Бозии марказии давр вохӯрии “Хуҷанд” бо “Куктош” буд, ки ғалабаи хуҷандиҳо ба охир арсид. Се хол ба дастаи “Хуҷанд” тавассути голҳои задаи Фирдавс Чақалов (дақиқаи 36-ум) ва Дилшод Восиев (дақиқаи 87-ум) ба даст омад.

“Истаравшан” дар меҳмонӣ КМВА “Помир”-ро бо ҳисоби 0:1 шикаст дод. Ягона голи вохуриро ҳамлавари дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар Муҳаммадалӣ Азизбоев, ки дар нимаи дуюм ба майдон баромад, зад. Баъди ин шикаст КМВА «Помир» ба зинаи охири ҷадвал фуромад ва самураббии даста Рустам Хоҷаев ба истеъфо рафт. Дастаи «Истаравшан» аз аввали мавсим сеюмин мураббии дастаҳоро «бекор» мекунад.  Дар даври дуюм Нуъмон Юсуфов баъд аз шикаст вазифаи худро дар «Хуҷанд» аз даст дод. Баъд аз анҷоми марҳалаи аввал сармурабии худи «Истаравшан» Тоҳир Муминов аз вазифа канор рафт. Инак, Рустам Хоҷаев шикастро аз «Истаравшан» таҳаммул накард ва ба истеъфо рафт.  Ҳамин тавр, ин чорумин истеъфои сармураббӣ дар Чемпионати футболи Тоҷикистон дар ин мавсим аст. Ба ғайр аз инҳо, Маҳмадҷон Ҳабибуллоев низ бо далели натиҷаҳои хуб наовардан аз вазифаи сармураббии «Регар-ТадАЗ»  барканор шуда буд

Дар ҳамин давр, бозӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Хатлон” дар варзишгоҳи “ТАЛКО Арена”-и шаҳри Турсунзода мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Ба голи задаи Худойдод Узоқов регариҳо тавассути зарбаи нишонраси Шерзод Муҳаммадиев ҷавоб гардонданд.

Бозии миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Панҷшер” ба вақти дигар гузаронида шуд.

Пас аз натиҷагирии бозиҳои баргузоршуда дар ҷадвали чемпионат мисли пеш “Истиқлол” дар ҷои аввал аст, ки аз 8 бозӣ 22 хол дорад. “Куктош” бо 17 хол (аз 10 бозӣ) дар зинаи дуюм, “Хуҷанд” бо 3 хол камтар (аз 9 бозӣ) дар мақоми сеюм қарор гирифтаанд.

КМВА “Помир”, ки ҳамагӣ як ғалаба дорад, бо 6 хол ҷои охирро ишғол кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here