Директори муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» Саидмаҳмуд Исмоилзода мегӯяд, амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ҷигар бо сифати баланд гузаронида мешаванд, ки рӯ ба афзоиш доштани он аз бовару эътимоди мардум гувоҳӣ медиҳад.

Номбурда дар суҳбат бо «Фараж» гуфт, аз оғози фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» (соли 2011) дар маҷмуъ ба 536 бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва ба 33 нафар ҷарроҳии пайванди ҷигар амалӣ карда шудааст. Танҳо дар соли 2018-ум ба 118 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда, ба 10 нафар пайвандсозии ҷигар ва ба 7 нафар пайванди мағзи устухон гузаронида шудааст, ки мутаносибан аз 6 соли қаблӣ бештар аст.

Исмоилзода дар мавриди нархи амалиёти павандсозии узвҳо ва кафолати он ба бемор гуфт:

— Амалиёти пайвандсозии гурда барои шаҳрвандони Тоҷикистон 48 ҳазор сомонӣ ва барои хориҷиён 58 ҳазор сомониро муқаррар шудааст, ки ин маблағ танҳо ба дору, хун ва дигар лавозимот то ба по хестани бемор масраф мешавад. Чунин амалиёт дар хориҷа аз 45 ҳазор доллар сар мешавад. Ҷарроҳиро бо сифати баланд кафолат медиҳем, вале боқимондааш дар дасти худи бемор аст. Агар доруву дармоне, ки пас аз амалиёт тавсия мешавад, мунтазам истифода шавад, шахс метавонад бо пайванди узв умри дароз бинад, — гуфт Исмоилзода.

Гуфта шуд, аз 118 нафари пайванди гурда карда, танҳо як нафар чанд моҳ баъд аз ҷарроҳӣ фавтидааст, ки сабабаш сактаи қалбӣ будааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here