Барои огоҳӣ пайдо кардан, ки чаро нархи оби нӯшокӣ  дар шаҳри Бохтар гарон шудааст, ба Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар рафтем, вале роҳабри ин корхонаро дар ҷойи кораш пайдо карда натавонистем. 

Муовини раис Ислом Муъминов дар утоқи кориаш буд, хостем бо ӯ дар ин масъла суҳбат кунем, аммо ӯ ба мо гуфт, ки кор дорад моро қабул кардан наметавонад. Инчунин ӯ гуфт,  бе иҷозати роҳбари корхона бо касе суҳбат намекунад ва аз амру иҷозатнома хосту бо баҳонаҳои дигар аз суҳбат худдорӣ кард.

Шояд муовини сардори ниҳоди мазкур аз қонунҳои амалкунандаи кишвар огоҳ нест. Чунин бархӯрди муовини сардори Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар Ислом Муъминов бори аваал нест, ки ба намояндагони ВАО  рух медиҳад.  Манучеҳр  Ҳасанов, рӯзноманигори ТВ Хатлон,  мехост аз болоравии нахри оби нушокӣ, ки сокинони ин шаҳрро ба ташвиш овардааст, гузориш омода кунад, низ натавонист, бо масъулони ин ниҳод суҳбат кунад.

Ислом Муъминов ба ин хабарнигор гуфт: “Мо бе иҷозати роҳбар кори дигаре кардан наметавонем, Шумо ҳафтаи дигар оед, ҳатман бобати ин масъала ҳарф мезанем”.

Як ҳафта сипарӣ гашта, аммо то кунун масъулони ин ниҳод, ба чанде аз саволҳои мо аз қабили шартнома байни корхона ва истифодабарандаи об чи тавр сурат мегирад, ҳар нафар истифодабарандаи об чӣ миқдор маблағ бояд супорад, чаро то кунун ҳисобкунакҳои обӣ дар ҳудуди шаҳр ба тарзи бояду шояд насб намегарданд ва ғайра посухе надоданд.  

Агар мақомоти марбута сари ин масъала ҷиддитар андеша накунанд, имиҷи кормандони ВАО-и ҷумҳурӣ аз байн меравад ва озодии баёну қонуни “Дастраси ба иттилоот” ба кӣ лозим мешавад?

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,

Манҷеҳр Ҳасанов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here