Ҳамсуҳбати мо зодаи шаҳри Ангрени вилояти Тошканди Ӯзбекистон Абдуқайюми Ҳасанзод аст. Вай дастпарвари факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, онро соли 1973 хатм кардааст.

Ду сол дар мактаби ҳамагонии рақами 10 шаҳри Ангрен аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс додааст. Солҳои 1992-2002 дар ширкатҳои муштараки русӣ-эронӣ, воқеъ дар шаҳри Маскав ба сифати мутарҷим ифои вазифа намудааст. Аз соли 2006 ба кори эҷодӣ банд аст. Муаллифи ду рисола — “Рисолаи арўз” ва рисолаи “Шоирони намоёни порсигӯйи Ӯзбекистон” мебошад, ки дар тараддуди чоп қарор доранд. Аз фаъолони Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон мебошад.

Инак, суоли нахустин чунин аст, ки муҳаббати шеър гуфтан ва ё илҳоми эҷодӣ аз кай дар шумо пайдо шуд?

Аз синни 12 солагӣ ба шеър муҳаббат доштам, лекин муҳаббати асосии иншои шеър аз курси якуми таҳсил дар донишгоҳ оғоз гардида буд. Чанд тан аз ҳамкурсони соли аввали ман дар шӯъбаи шабона (соли дувуми хонишро дар шӯъбаи рӯзона идома додаам) Ширин Бунёд (рӯҳаш шод бод), Увайдулло Ширин, Тоҷиниссо, Аҳмад Муродов (ҷияни устод Сотим Улуғзода) ба иншои шеър машғул буданд. Ман низ кӯшиш кардам, ки дар ин самт худро бештар санҷаму муваффақ шавам.

Шеърнависӣ ва китобнависӣ аз ҳам чӣ фарқ доранд?

Иншои шеър аз китобнависӣ тафовути назаррасе дорад. Яъне на ҳама адабиётшинос, ҳабиби шеър ва  ҳатто шахси аз илми арӯз бохабар шоир шуда метавонад. Ба фикри банда, чуноне ки ағлаб мепиндоранд, барои шоир шудан азёд донистани шеъри бисёре низ нақши асосӣ намебозад, балки шахсе, ки дар зиндагӣ дучори душвориҳо мегардад ва дарду ғами худро тавассути шеър баён кардан мехоҳад, бештар эҳтимоли шоир шудан дорад, вале барои ба қуллаҳои баланди шоирӣ расидан, бисёр хондан, омӯхтан ва нахуст бояд аз илми арӯз бархурдор шудан лозим. Дар гузашта ағлаби олимони фанҳои мухталиф, ҳатто сарварони давлат аз илми арӯз огоҳии хуб доштанд ва шеър низ эҷод мекарданд. Шахсоне, ки ба сабабҳои мухталиф аз қавоиди шеър бахурдор нашудаанд ва аз ӯҳдаи иншои шеър намебароянд, фикру андешаҳои хешро дар жанри маъруфи наср рӯйи қоғаз меоваранд ва бо ҳамин нависанда мешаванд.

Ба назари шумо киҳоро наметавон шоир хонд?

Он шахсе, ки дар вазни шеър ба иштибоҳ роҳ медиҳад, ӯро шоири асил шуморидан нашояд. Дар Ӯзбекистон ағлаби шоирони тоҷик, ба истиснои ду-се нафар, аз ҷумла Паймон ва Ҷаъфар  Муҳаммад дар вазни шеър меланганд, ишон дар баҳрҳои маъруфу маъмули њазаҷу рамал ва бештар, ба вижа дар баҳри музореъи ахраби макфуфи маҳзуф ба иштибоҳи ҷиддӣ роҳ медиҳанд. Дар ин вазн иддае аз шоирони тоҷикистонӣ низ иштибоҳ мекунанд.

Имрӯз шеъри шоирони тоҷики муқими Ӯзбекистон дар кадом сатҳ қарор дорад?

Дар даҳ соли охир (2010-2020) дар соҳаи адабиёти мо назм бештар рушду густариш ёфт. Бо дарназардошти тахминӣ дар Ӯзбекистон 400 нафар  ба иншои шеъри арӯзӣ машғул ҳастанд, вале ағлаби шеърҳои ишон ихлоли вазн доранд. Ин иштибоҳҳо аз ноошноии ишон бо қавоиди арӯз сар задааст. Чунонки ба ҳамагон мусаллам аст, талаботи муҳим ва нахустини шеър, аз азал ин вазн буд ва оянда ҳам ҳамин тавр хоҳад монд ва шеъри бидуни низомро ҳаргиз шеър шуморидан нашояд ва вай танҳо наср аст! Аз ин лиҳоз, то он даме, ки дар вазни шеър иштибоҳ аст, он шеърҳоро шеър ва муаллифи онро шоир шуморидан нашояд.

Муқаддам ба ин масъала каме таваҷҷӯҳ кардем, бо вуҷуди ин арӯз вазнест, ки бе он шеъри форсӣ “бенур” аст. Чаро?

Аз таърихи пайдоиши шеър маълум аст, ки дар ҳар давру замон олимони адабиёт ва шоирони бисёре мехостанд ба он қавоиди арӯзи мустаъмал, ки аз тарафи олими араб Халил ибни Аҳмад кашф карда шуда буд, гӯё барои мураккабиёти зиёде доштанаш дигаргуниҳо дароварда, бо ҳамин мехостанд роҳи пажуҳиши онро осонтар намоянд. Ҳатто ба замми 15 баҳри кашф кардаи ӯ боз чанд баҳри дигар сохтанд. Аммо чунонки маълум аст, ягон баҳри сохтаи ишон аз тарафи олими баъдина ва ё шоире дастгирӣ карда нашуд, яъне аз тарафи умум ин баҳрҳои сохтаи ишон пазируфта нашуданд. Инак, маълум шуд, ки куллиёти қавоиди арӯзии Халил ибн Аҳмад дар заминаи дурусти илмӣ ва мантиқӣ  қарор гирифта, дар он қонунияти асил, ки дар тўли ҳазор сол ба дигаргуниҳои назаррас дучор нашуда омадааст, дида мешавад ва ин назария чун назарияҳои дигар доимо дар рушд ва густариш буда,  бархе дигаргуниҳоро аз  сар гузаронидааст ва хоҳад гузаронид. Ва ин ҷо аз қавли худи Баҳром Сирус (рӯҳаш шод бод!) ба чунин хулоса омадан мумкин аст: “…агарчи вай барои инъикоси ҳама гуна зуҳуроти вазнҳои маъмули каломи манзуми мо нокофӣ бошад ҳам, бо вуҷуди он, барои 16 баҳри аслӣ як навъ қонуният доштани онро инкор карда наметавонем”. (Б. Сирус, “Арўзи тоҷикӣ”, саҳ. 260). Бинобар ин шеъри тоҷикӣ дар вазни арӯз бояд иншо гардад.

Дар Ӯзбекистон ягон ниҳоде нест, ки шеърҳои шоирони тоҷиктаборро хонаду таҳлил кунаду роҳ нишон диҳад. Фикри шумо перомуни ин масъала чӣ гуна аст?

Перомуни адами ниҳоде, ки шеърҳои шоирони тоҷики кишварро таҳлил намуда, ҳусну қубҳ ва, умуман, дар кадом сатҳ қарор доштани онро муайян намояд, чанд мақолаи шоир ва олим Ҷаъфар Муҳаммад ва дигар адабиётшиносон, шоирон дар рӯзномаҳои “Овози тоҷик” ва “Ховар”мунташир шуда буданд. Ин мақолаҳо ба истиснои мақолаҳои Ҷаъфар Муҳаммад ҳама якранг буданд ва дар он сабаби асосии вуҷуд надоштани инчунин мақола ё асари илмиро муайян кардан муяссар нагаштаст. Дар ҳақиқат, дар байни олимони адабиётшиноси тоҷики Ӯзбекистон кайҳост, ки олими арӯздон набуд ва нест ва оянда ҳам пайдо шуданаш ба гумон аст. Дар ин хусус танҳо Ҷаъфар Муҳаммад дар пешгуфтори маҷмӯаи Саидаи Синавӣ ёдрас шудааст. Ағлаби муаллифони мақола дар бораи вазни шеър чизе нагуфтаанд ва нахуст ишон шеърро танҳо аз лиҳози бадеият, баррасӣ карданро медонанду халос! Вале маълум аст, ки шеър танҳо аз бадеият иборат нест, балки яке аз талаботи асосии он доштани вазн аст ва агар мо танҳо бадеияти онро таҳлил намоему чӣ гунагии вазни онро, ки аксар иштибоҳҳои ҷиддӣ доранд, муайян нанамоем, магар ин таҳлили ҳақиқӣ шуда метавонад? Мебояд, мутаассифона тан гирифт: алҳол дар муассисаҳои олии мо (дар Ӯзбекистон) дарси “Назмшиносӣ”-ро устодоне дарс медиҳанд, ки худашон чандон вазни шеърро намедонанд ва ҳатто, тафовути дубайтиву рубоиро дарк карда наметавонанд. Дар чунин вазъият аҳволи шогирдони онҳо чӣ гуна хоҳад шуд?

Бале, бо шумо мувофиқам. Дарвоқеъ, донишгоҳе, ки устоди хуби “Назмшиносӣ” надорад, ҳосили он низ аз ҳамон дараҷа болотар нахоҳад буд.

Дуруст мегӯед.

Шумо барои чӣ ба шеър гуфтану шеърнависӣ пардохтед?

Ба ин пурсиш посух додан бароям мушкил аст, чунки ҳар як шоир ба ин пурсиш посухи гуногун дорад, вале дар ин нукта ман низ назари хешро дорам. Агар шахсе аз шеърҳои банда жарф огоҳӣ дошта бошад, дар мадди нахуст ба ӯ маълум мегардад, ки аксари шеърҳоям аз ишқу муҳаббат ҳикоят доранд, яъне бандаро шоири вассофи ишқу муҳаббат шуморидан мумкин аст. Ин маънои онро дорад, ки дар зиндагӣ ба масоили ишқу муҳаббат, аҳду паймон, ҳиҷрон ва дигар паҳлӯҳои он бештар ошноӣ доштаам ва дар шеърҳоям то ҳадде мехоҳам перомуни он нуқтаи назари хешро изҳор намоям.

Чаро дар рӯзномаи “Овози тоҷик” шеърҳоятонро чоп намекунед?

Кормандони рӯзнома се сол муқаддам гуфта буданд, ки “аз боло рухсат нест, ки шеър чоп кунем ва ҳар вақт рухсат шавад, якум шеъри шуморо ба чоп тавсия хоҳем кард”.

Ҳоло чунин иҷоза дода шудааст, ки шеърҳои шоиронро “Овози тоҷик” мунтазам интишор намояд.

Аз ин хабари шумо хушҳол шудам. Сабаби дигар аз ҳамин иборат аст, ки дар рӯзнома, ба фикрам, барои чопи шеър ҷой маҳдуд аст ва сабаби саввум алҳол шеърҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, Фейсбук, ҳамчунин дар гурӯҳи телеграми “Суханварон” ва гурӯҳҳои дигари адабӣ мегузорам.

Имкон мавҷуд аст, ки раведу дар гурӯҳҳои тоҷикӣ аз Назмшиносӣ дарс диҳед. Агар ягон донишгоҳ аз шумо даъват кунад, меравед ё не?

Банда дар муассисаҳои олии кишвар фурсати дарс додан надорам, чунки ба корҳои илмӣ сахт банд ҳастам.

Ҳамаи шоирони тоҷиктаборро эътироф мекунед, ки ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пайвастаанд?

Бале. Ҳамаи он шоиронро эътироф мекунам. Аз ин бештар ҳоло чизи дигар намегӯям.

Мехостед, ки барои шоирони тоҷики Ӯзбекистон  як маҷаллаи адабӣ ба нашр расад? 

Шоирон ва нависандагони тоҷики Ӯзбекистон албатта ҳақ доранд, ки як маҷаллаи хоси худро дошта бошанд, чунки бидуни ин рушд ва густариши адабиёти тоҷик дар кишварамон номумкин аст.

Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво ва муваффақ бошед!

Аз шумо низ ташаккур ва ба ҳамаи мухлисону муштариёни ҳафтавори “Фараж” ва сомонаи интернетии он бурдбориҳо мехоҳам!

Мирасрор Аҳроров

мухбири “Фараж”, шаҳри Тошканд

 

 

Ҳоло намунаҳо аз шеъру ғазалҳои Абдуқайюми Ҳасанзодро ин ҷо мекорем ва умедворем, ки шефтагони шеъри ноби форсӣ аз он хеле гарм истиқбол мекунанд:

 

ЗИ ЁДИ МАН НАРАФТАӢ…

 

Ту дилбаре, ки як нафас зи ёди ман нарафтаӣ….

Ту дилбаре, ки ишқи ман ба ҳеч кас нагуфтаӣ!!!

 

Ҳамеша банди ёди Ту ҳама хаёли ман рабуд ….

Ба паҳлуям ҳамеша назди ман фақат Ту хуфтаӣ!

 

Ҳамеша фахр мекунам, зи ҳарфҳои қалби Ту,

Фақат Ту ҳарфи дӯстдорият ба ман бигуфтаӣ.

 

Чу соя аз қафои Ту шитоб мекунам ҳанӯз,

Фақат Ту, эй Азизи ман, ду дасти ман бубастаӣ

 

Ту ҳадяи Худои ман дар ин ҷаҳони бевафо,

Фақат Ту, эй нигори ман, ғурӯри ман шикастаӣ!!!

 

Фариштаи ягонаам, Ту ишқи аввалини ман,

Чӣ хуш, ки Ту азизи ман ниҳоди дил нишастаӣ!

 

ЭЙ ГУЛ…

 

Ба ду чашми пурхуморат ҳама умр зорам, эй гул,

Даруни дилам зи ишқат ғаму дард дорам, эй гул.

 

Дили пошикаста ҳаргиз нарасад ба орзу ҳеҷ,

Ҳама умр орзу монд ба хаёли ёрам, эй гул!

 

Ба камоли ошноӣ кӣ расад дар ин замона?

Дар ин олами дурӯғин туӣ ифтихорам, эй гул!

 

Чӣ хуш аст, нолаи ман бирасад агар ба гӯшат,

Ҳама рӯзи ин ду дунё ба ту интизорам, эй гул.

 

Набувад, Аёнӣ, ҳаргиз ба дили шикаста марҳам,

Чӣ хуш аст, орзуе ба ту ҷон супорам, эй гул!

 

ИМОНАМ РАБУДААСТ…

 

Ҳуснат ба ҳарду чашм инонам рабудааст,

Фикру хаёли васли Ту ҷонам рабудааст.

 

Бар ваъдаю вафои Ту дилбастаам чунон,

Ишқи ситезахӯй имонам рабудааст.

 

Дилбар, ба нози хеш ғурурам  шикастаӣ,

Ишқи ту ёр ҳар шабе хобам рабудааст.

 

Як кас наёфтам, ки бипурсам давои ишқ,

Аз осмон ситораи бахтам рабудааст.

 

Аз сар бирафт сояи ҳумои ман магар?

Охир чаро зи дасти ман ёрам рабудааст?

 

САЗОИ МАН…

 

Шабеҳи мурғи ба доме бимондаам кунун,

Гуноҳи ман, ки дар ин рӯз бе туям кунун.

 

Фақат туро пазираму фақат туро хоҳам,

Ту дон, ки дил ба ту танҳо супурдаам кунун.

 

Ба хатту холи сиёҳе ниёз нест туро,

Ки инчунин парийе ман надидаам кунун!

 

Умеди бӯса аз он лаб намеравад ҳаргиз,

Ба орзуи дилам ман  расидаам кунун.

 

 

ТУ ДИЛЕ БА МАН НАДОРӢ

 

Зи барат гириста рафтам, ки Ту дӯстам надорӣ,

Кунун умри ман, сад афсӯс, гузарад ҳама ба хорӣ.

 

Ҳама шаб ба ёди ман буд нигаҳи ду чашми мастат,

Ҳама умр боядам зист ба умеди интизорӣ.

 

ТУ киро ба меҳрубонӣ ба ҳузури худ бихонӣ?

Алам аст дар ниҳодам, ки ба ман диле надорӣ.

 

Гузарад баҳори умрам ба умеди дидани ТУ,

Чӣ кунам, баҳори бӯстон, ки гуле дигар наёрӣ.

 

Чӣ шавад, ки як шабе ТУ бидароӣ аз дари ман…

Биравад зи ман ҳамон дам, ғаму дарди беқарорӣ.

 

ҲАДЯ КУН…

 

Боре ба ман табассуми мастона ҳадя кун,

Як шаб барои хоби ман афсона ҳадя кун.

 

Ман дарси ишқро зи ту омӯхтам кунун,

Як хандае ба ошиқи девона ҳадя кун.

 

Ҳарчанд фурсати дами дидор маҳдуд аст,

Як дам биёву фурсати шоҳона ҳадя кун.

 

Бетобӣ аз рабудани ақлу ҳушам бубин,

З-он боғи орзу гули якдона ҳадя кун.

 

Санги ғурури ман ба шикастан шикастаӣ,

Як бӯсае барои ман идона ҳадя кун!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here