Дар маркази шаҳри Исфара барои дастгирии оилаҳои камбизоат «Яхдони меҳрубонӣ» гузошта шуд, ки аз он ҳамарӯза нафарони ниёзманд метавонанд ба таври ройгон маводи озуқа дастрас кунанд.

Ин амали нек аз ҷониби кормандони филиали ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ИМОН Интернешнл» дар шаҳри Исфара роҳандозӣ гардидаву яхдони мазкур маҳз дар пешорӯи ҳамин ташкилот гузошта шудааст.

Дар рӯи яхдони меҳрубонӣ, ки дохилаш пур аз анвои гуногуни маводи озуқа мебошад, навишта шудааст, ки «Ниёз дошта бошед, бигиред. Тавоно бошед, гузоред!»

Сарвари филиали ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ИМОН Интернешнл» дар шаҳри Исфара Абдуваққос Фаёзов мегӯяд, ки яхдон ҳамагӣ се рӯз пештар гузошта шуд ва алъон аз ҳисоби ташкилот ва кормандони он бо маводи ғизоӣ пур карда мешавад. Нафарони дигари хайрхоҳу саховатманд низ метавонанд дар доираи қудрат ва тавон бидуни ҳеҷ мушкил тавассути ин яхдон ба ашхоси ниёзманд ёрии амалӣ расонанд.

Дар «ИМОН Интернешнл» умед бар он доранд ки «Яхдони меҳрубонӣ» дили афроди дороро нибат ба мушкилоти ниёзмандон нарму қалби нафарони камбизоатро ба зиндагӣ гарм месозад.

Набиҷон Худойбердиев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here