Бо фаро расидани тобистон ва баланд шудани дамои ҳаво аз 1-уми май то 31-уми августи соли ҷорӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ  ҳамарӯза аз соати 10 то 20-и шоб маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт роҳандозӣ мешавад.

Ба иттилои Хадамоти матбуотии Ширкати саҳҳомии “Инновейтив Роулд Солюшнз ЛТД”, ин амал барои нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагону воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда мешавад.

Дар ин муддат кормандони ширкат, роҳро таъмири ҷорӣ низ мекунанд. Роҳбари хадамоти матбуотии ширкати “IRS”, гуфт, ин амал баргирифта аз таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи олам буда, натиҷаи хуб ҳосил кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here