Айни замон, дар минтақаи Зарафшон роҳҳо муваққатан баста шудаанд ва хавф вуҷуд дорад. Дар назар аст, ки дар давоми як ё ду соат ин ҳолат бартараф карда мешавад. Дар ин бора сухангӯи ширкати IRS Далер Мерганов ба faraj.tj иттилоъ дод.

“Айни замон дар минтақаи Зарафшон, алалхусус наздикии нақби “Истиқлол” бориши беист ва шадиди барфу борон идома дорад. Дар пайи он сел омада, чанд минтақаро шустааст ва сангфароӣ хеле зиёд аст. Масъулин дар маҳалли ҳодиса қарор доранд ва барои бартараф кардани пайомадҳои бориши мазкур аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мекунанд”, — гуфт ӯ.

Тибқи иттилои манбаъ, IRS дар якҷоягӣ бо БДА ва КҲФ кор карда, дар фурсати наздик роҳҳо хоҳанд кушод.

Лозим ба ёдоварист, ки бинобар зиёд гардидани сангфароӣ ва лағжиши куҳпора дар масири роҳи Душанбе — Чаноқ, дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдор, аз ҷумла БДА ВКД ҶТ шурӯъ аз соати 20:00-и дирӯз то соати 05:00- и 25-уми апрел ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт аз ҳарду ҷониб муваққатан боздошта шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here