Тибқи хабарҳое, ки аз пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳри Бишкек мерасанд, эътирозгарон Кохи сафедро ишғол кардаанд. Баъд ҷониби Кумитаи амният шитофтаанд ва дару деворҳои онро тахриб кардаанд.

Тазоҳуроти густардае, ки 5 октябр дар майдони Ала-Тоои  шаҳри Бишкек ба вуқӯъ пайваст, як эътирози мухолифон дар муқобили сиёсати пешгирифтаи ин давлат арзёбӣ мегардад. Гуфта мешавад, 3-4 ҳазор нафар аз натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ розӣ нашудаанд ва даст ба ин кор задаанд. Теъдоди онҳо беш аз пеш афзоиш ёфтааст.

Бо вуҷуди он ки кормандони умури интизомӣ ба эътирозгарон муқовимат нишон додаанд, вале онҳо Кохи сафедро ишғол кардаанд. Баъд президенти пешини Қирғизистон, ки дар маҳбас ба сар мебурд, озод кардаанд. Бино ба хабарҳои расонаҳо дар ҳамин ҳол Атамбоев бо эътирозгарон пайвастааст.

Дар натиҷаи муқовиматҳои миёни кормандони интизомӣ ва эътирозгарон чанд нафар аз сиёсатмадорони қирғиз ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Аз ҷумла, раиси ҳизби “Ота Макон” Ҷанар Акаев ва номзаб ба мақоми депутатӣ аз ин ҳизб Темирбек Асандеков захмӣ шудаанд.

Дар ин рӯзҳо интиқоли ҷароҳатбардоштагон ба бемористонҳо коҳиш надидааст. Анқариб 600 нафар дар ин задухӯрдҳо ҷароҳат бардоштаву бистарӣ шудаанд. Як нафар эътирозгар ба ҳалокат расидааст ва 13 нафар дар шӯъбаи эҳё дар ҳолати вазнин қарор доштаанд.

Дар ҷараёни ишғоли Кохи сафед, ки аз тарафи субҳ сурат гирифтааст, кормандони умури интизомӣ мудохила накардаанд. Эътирозгарон нахуствазири собиқ Сафар Исоқов ва Равшан Ҷиянбековро низ аз маҳбаст озод кардаанд.

Сухангӯи президенти ин кишвар Тулғоной Стаматалиева бо пахши як изҳорот гуфтааст, ки вазъиятро Сооронбой Ҷиянбеков назорат мекунад. Аммо дар айни ҳол бештар аз якуним ҳазор эътирозгар майдони Ала-Тооро тарк накардаанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарниори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here