Дар Қирғизистон вазъияти сиёсӣ рӯ ба бӯҳрони ҷиддӣ овардааст. Бино ба хабарҳо ҳукумате, ки тавонаҳамаи ин бесарусомониҳоро идора кунад, дар Қирғизистон вуҷуд надорад.  

Гуфта мешавад, созмонҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, воқеъ дар Қирғизистон, аз ин раванди ҳодисот ибрози нигаронӣ карда, даъват намудаанд, ки ин бӯҳронро ба воситаи музокирот ҳаллу фасл намоянд.

— Мутаассифона, дар кишвари мо ҳамеша сиёсатмадорон барои расидан ба тавофуқот мушкилӣ мекашанд, ё таҷрибаашон дар ин ҷода кофӣ нест, — гуфтааст бидуни ифшои номаш яке аз коршиносони масоили сиёсии ин кишвар.

Ба ақидаи ӯ, барои ҳамин Қирғизистон беш аз пеш бо бӯҳрони шадид мувоҷеҳ мешавад ва ҳаёти мардуми он зери хатару бумбасти ҷиддӣ қарор мегирад.

Бино ба хабарҳои расонаҳои мустақили Қирғизистон дар шӯрои ҳамоҳангсози мардумӣ ҳанӯз наметавонанд барои тайини сарвазири техникӣ ба як хулосаи дастаҷамъӣ оянд. Ин дар ҳолест, ки ба мақоми нахуствазир намояндагони се ҳизби сиёсии он — “Республика”, “Бир бола” ва Ота Макон” даъвогар ҳастанд.

Ба ин тартиб аъзои шӯрои ҳамоҳангсози мардумӣ талош ба харҷ медиҳанд, ки як номзади мувофиқро ба мақоми нахуствазир пайдо кунанд.

Дар ҳамин ҳол, президент Сооронбой Ҷеенбеков бо собиқ шаҳрдори Ӯш Мелис Мирзоахматов гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст. Ин шахс шоми 7 октябр аз муҳоҷират  ба Қирғизистон баргаштааст.

Мирзоахматов гуфтааст, ки президент аз вай ба эътидол овардани вазъиятро хоҳиш кардааст ва омода аст, бо ҳар нафари дилхоҳ, ҳатто бо президенти собиқ Алмосбек Отамбоев мулоқоту гуфтугӯ кунад.

Сооронбой Ҷеенбеков гуфтааст, агар вазъият мӯътадил ва ба идораҳои ҳукуматӣ роҳбарон расман таъйин карда шаванд, омода аст, ки ба истеъфо биравад. Аммо вай чунин шартҳо гузоштааст:

— Бояд интихоботи нави парлумонӣ баргузор шаванд. Дар ин бора Комиссияи марказии интихобот қарор содир мекунад. Ин вазъиятро мӯътадил месозад.

— Бояд сарвазир ва аъзои ҳукумати пешин ба истеъфо раванд

— Барои он ки кобинаи нави вазирон таъйин карда шавад, парлумон бояд қарор барорад ва амри президент содир гардад. Ин амрро вай имзо хоҳад кард.

8 октябр бонкҳои Қирғизистон дубора фаъолияти худро аз сар гирифтаанд. Азиз Мурахматов барои иҷрои мақоми шаҳрдории Бишкек дубора ба курсии худ нишастааст.

Дар намоишҳои Ӯш ва Қаросӯ аз президент Сооронбой Ҷеенбеков ҷонибдорӣ кардаанд.

8 октябр Шӯрои ҳамоҳангсози мардумӣ ба мақоми сарвазири техникӣ аз ҳизби “Республика” Омурбек Бабанов, аз ҳизби “Бир бола” Алтинбек Сулаймонов ва аз ҳизби “Ота Макон” Тилек Токтоғозиевро пешбарӣ кардааст.

Дар айни ҳол як қисми депутатҳои парлумон Миқтибек Абдилдаевро ба мақоми сарвазир интихоб кардаанд, аммо маълум нест, ки ин интихоботи онҳо дар доираи қонун сурат гирифтааст, ё на.

Абдилдаев ба президент гуфтааст, ки мардуми кишвараш наметавонад ҳамеша дар низоми интизоршавӣ ба сар барад ва бояд қарорҳои таъҷилӣ қабул кард.

Ҳанӯз 5 октябр дар майдони Ала-Тоо намоишҳои эътирозӣ баргузор шудаанд. Эътирозгарон аз натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ ибрози норизоӣ мекунанд. Ин намоишҳои эътирозӣ то ҳол идома доранд.

Бар асари зиддиятҳову даргириҳои миёни эътирозгарон ва кормандони ниҳодҳои интизомӣ як нафар ба ҳалокат расидааст. Вай Олтинбек Умутбек уғли мебошад, ки 5 октябр дар ҷараёни намоишҳои эътирозӣ дар майдони Ала-Тоо ҳалок шудааст. Вай зодаи деҳаи Қаробулоқи ноҳияи Лайлаки вилояти Боткент мебошад. Олтинбек 19 сол доштааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here