Тибқи хабарҳои расида ҳомии ҳуқуқи башар Азимҷон Асқаров, ки дар маҳбаси №19-и деҳаи Ҷанги Ҷери вилояти Чуйи қирғизистон зиндонӣ буд, 25-уми июл вафот кардааст. Гуфта мешавад, 24-уми июл вай тавассути мошини “Ёрии таъҷилӣ” аз ин маҳбас ба шифохонаи №47 интиқол ёфтааст, то ки аз назорати тиббӣ гузарад, аммо дар бистари беморӣ фавтидааст.

Дар робита ба фавти Азимҷон Асқаров мақомоти Қирғизистон ягон вокуниш надодаанд. Дар ҳамин ҳол ҳомии ҳуқуқи башари қирғиз Толехан Исмоилова ва Валерян Воҳидов, вакили дифои  Азимҷон Асқаров, марги ӯро тасдиқ кардаанд, аммо дар ин бора тафсилоти бештар дода нашудааст.

Азимҷон Асқаров ба сини 69 расидааст. Вай аз ҳомиёни ҳуқуқи башар маҳсуб меёбад, ки дар Қирғизистон маъруфияти зиёд пайдо кардаанд. Даҳ соли ҳаёти охири Азимҷон Асқаров дар маҳбаст гузаштааст.

Вай 15 июни соли 2010 дар ҷануби Қирғизистон, ҳангоми ба вуқӯъ пайвастани  низоъҳои байни миллатҳо, боздошт шудааст. Ӯ бо иттиҳоми “Созмон додани беназмиҳои оммавӣ”, “Ангезиши низоъҳои байни миллатҳо” ва “Даст доштан дар қатлу куштори одамон” равонаи зиндон шудааст.

Азимҷон Асқаров барои содири ин ҷиноятҳояш барои як умр аз озодӣ маҳрум карда шудааст, вале ҳамаи иттиҳомотро рад кардааст, зеро нисбати вай асосан тибқи шаҳодати милисаҳо  ҳукм содир шудааст.

Созмонҳои ҳуқуқи башар боздошт ва равонаи зиндон шудани ӯро ба фаъолияташ вобаста медонанд. Вай шиканҷа аз тарафи кормандони умури интизомиро зери таҳқиқ қарор додааст ва бо анҷоми чунин корҳо дар миёни аҳолии ин кишвар ном баровардааст.

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид соли 2016 ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ, раванди тафтишот ва содири ҳукми додгоҳро беасос хонда, шиканҷа алайҳи ӯро сахт маҳкум кард. Кумитаи мазкур аз ҳукумати Қирғизистон фавран озод намудани Азимҷон Асқаров ва лағви ҳукми ӯро ро тақозо намуд.

Гуфта мешавад, ки дар синни 69 вай дар зиндон сахт азият кашидааст ва ба бемориҳо мубтало шудааст. Дар ин бора пештар вакили мудофеъ Воҳидов иттилоъ додааст ва ҳолати саломатии ӯро хеле нигаронкунанда арзёбӣ кардааст. Аммо кормандони шифохонаи маҳбас ин даъвоҳои вакили мудофеъро беасос эълом кардаанд.

Интизор мерафт, ки ба наздикӣ дар мавриди ҳукми содиршуда нисбати Азимҷон Асқаров Додгоҳи олии Қирғизистон таҷдиди назар кунад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here