Қарори парлумони Қирғизистон дар бораи таъйини Садир Ҷапаров ба мақоми нахуствазир ба имзо нарасидааст. Дар ин бора ноиби раиси парлумони қирғиз Мирлан Бакиров иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад, интихоби Садир Ҷапаров ба ин мақом хилофи қонун сурат гирифтааст, зеро дар он квота таъмин нашудааст. Ба гуфтаи сухангӯи раисҷумҳури Қирғизистон Тулғаной Стамалиева ҷараёни таъйини Садир Ҷапаров ба мақоми нахуствазир бо қарори Ҷуқорғи Кенеш ҳукми қонунро мегирад ва баъди он президент онро имзо мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ноиби раиси парлумони Қирғизистон Аида Қосималиева худро раиси пурлумон эълон кардааст ва далел овардааст, ки 10 октябр дар ҷараёни ҷаласаи парлумон теъдоди кворуме, ки Қонуни асосии кишвараш тақозо менамояд, таъмин набуд.

— Агар қарори мазкурро, ки хилофи қонун мебошад, касе имзо кунад, ин баробари ғасби ғайриқонунии ҳукумат мебошад, — изҳор кардааст Аида Қосималиева.

Вай афзудааст, ки қарори тайини Садир Ҷапаров вуҷуд надорад, барои ҳамин ҳамаи қароре, ки аз тарафи ӯ ба ҳайси нахуствазири Қирғизистон қабул карда мешаванд, ягон асоси ҳуқуқӣ надоранд.

— Дар айни ҳол иҷрокунандаи мақоми нахуствазири Қирғизистон Алмосбек Ботирбеков мебошад, — гуфтааст Аида Қосималиева.

Ин хонум расман аз аъзои Кобинаи вазирони кишвараш даъват кардааст, ки то ташаккул ёфтани аъзои нави он вазифаҳои худро бо садоқат иҷро кунанд.

— Раиси парлумон Достонбек Ҷумабеков ба истеъфо рафт, барои ҳамин ин ваколат дар айни ҳол ба ман мегузарад, зеро ман ноиби якуми раиси парлумон ҳастам, ки аз тарафи эътилоф бо аксарияти овозҳо интихоб шудаам, — тазаккур додааст Аида Қосималиева.

Вай ҳамчунин аз нерӯҳои сиёсӣ ва шаҳрвандони кишвараш даъват намудааст, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва қонунмандиро нигоҳ доранд, зеро шароити ҷаҳонгир шудани коронавирус ҳаминро тақозо менамояд. Гузашта аз ин, чунин эҳтиёткорӣ ба қувваҳои аносири зиддимардумӣ, таъсиси намоишҳои эътирозӣ низ монеа эҷод мекунад.

Боздошти собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Атамбоев ба иттиҳоми таъсиси беназмиҳо низ аз ҳодисаҳои ду рӯзи охир мебошад. Вай аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон боздошт шудааст. Якҷо бо президенти пешин ду ҳозирбоши вай низ боздошт шудаанд.

Кумитаи амнияти қирғиз гуфтааст, ки дар айни ҳол чорабиниҳо пиёда шудаанд, ки иштирокчиёни боқимондаи ин ҷиноятҳо мавриди боздошт қарор гиранд.

Ёдовар мешавем, ки 6 октябр гурӯҳи эътирозгарон Алмосбек Атамбоевро аз зиндон озод карданд ва ӯ дар намоишҳои эътирозӣ ширкат ва суханронӣ намуд. Моҳи июни соли равон президенти пешини қирғиз барои ғайриқонунӣ озод намудани яке аз чеҳраҳои ҷиноӣ ба муҳлати 11 сол равонаи зиндон шуда буд.

Тибқи хабарҳои расида фазои Бишкек нисбати рӯзҳои пеш хеле ором шудааст, вале коршиносон мегӯянд, маълум нест, ки ин оромиву субот муваққатист, ё ҷонибҳо бо ҳамдигар ба тавофуқ хоҳанд расид.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here