Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Қирғизистон эълон кардааст, ки иштирокчиёни интихоботи пеш аз мӯҳлат барои ишғоли мақоми президентӣ бояд то 3-юми декабри соли равон гарави интихоботӣ супоранд.

Ҳамчунин, ин ниҳод тақозо кардааст, ки довталабони мақоми аввали кишвар бояд се ҳисоботи молиявӣ перомуни қабул ва хароҷоти маблағҳои интихоботиро пешниҳод кунанд, дар акси ҳол КМИ аз сабти номи онҳо худдорӣ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ҳисоботи якуми молиявӣ ба КМИ бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти гарави интихоботӣ пешниҳод карда мешавад. Ин кор на дертар аз ҳафт рӯзи пеш аз овоздиҳӣ, яъне то 2-юми январи соли 2021 ба вуқӯъ пайвандад.

Ҳисоботи сеюми молиявӣ бояд то 17-уми январ, яъне на дертар аз ҳафт рӯзи пас аз интихобот пешниҳод гардад.

КМИ равшану возеҳ талаб кардааст, ки тибқи қонунгузориҳои ин кишвар довталаби курсии президентӣ наметавонад аз ҳисоби худ бештар аз 15 миллион сӯм сарф кунад.

Гузашта аз ин, кумакпулиҳо ба хазинаи номзад ба мақоми президентӣ аз 50 миллион сӯм зиёд буда наметавонад. Дар маҷмӯъ, ҳаҷми хазинаи интихоботии номзад ба ин мақом набояд 200 миллион сӯмро убур кунад.

То ин замон ба КМИ роҳбари ҳизби “Бутун Қирғизстан” Адахон Мадумаров, муаллифи меми “Зимистон намешавад” Арстан Олой, коршиноси масоили иқтисодӣ Кубан Чороев, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Назарбек Нишонов ва собиқ ҳокими вилояти Ҷалолобод  Бектур Асанов номзадии худро ба мақоми раисиҷумҳури Қирғизистон пешбарӣ кардаанд.

Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон интихоботи пеш аз мӯҳлат ба мақоми президентиро 10-уми январи соли 2020 таъйин кардааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here